Шарикони мо

Моликияти хусуси

   

Қурби асъори миллӣ

Бойгонӣ



Дар бораи Кумита

   Бо мақсади ҳарчи амиқ гардонидани ислоҳоти идоракунии давлатӣ, ташаккул додани системаи шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфакорӣ, пурсамар истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 9 аз 30 ноябри соли 2006 «Дар бораи такмил додани сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори нави мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия тасдиқ карда шудааст.
   Дар асоси ин Фармон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, ба он вазифаҳои собиқ Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои собиқ Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармоя, ҳамчунин масъалаҳои собиқ Агентии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ вогузор гардиданд. Ҳамин тариқ, масъалаҳои фароҳам сохтани муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва афзоиш додани воридоти сармоя ба мамлакат, ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна, ҳамчунин дастгирии рушди соҳибкорӣ дар мақоми ягонаи давлатии идоракунӣ марказонида шуданд, ки бояд ҳалли самараноки онҳоро таъмин созад.
    Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар асоси «Дастур дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 тасдиқ шудааст, фаъолият менамояд ва дар асоси он муқаррар гардидааст, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи ваколатҳои худ сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ, роҳбарӣ ва амалӣ намудани ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамчун молик намояндагӣ кардан ва манфиатҳои давлатро сурат дода, дар соҳаи татбиқи барномаҳои дастгирии соҳибкорон фаъолият мекунад. 

Қодири Қосим

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ

ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Интихоби забон




Фурӯши амвол
Тамос бо корхона

  * Ном :   
  * E-mail :

  * Хоҳишу дархостҳо:

                                                 
Ҳамаи майдонҳо (*) барои пур кардан ҳатмианд

Наворҳо