Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2019

        Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї фаъолияти худро дар асоси санадњои меъёрии њуќуќии амалкунанда ва Низомномаи Корхона ба роҳ монда, љиҳати иљрои дастуру супоришњои Раис ва њайати роњбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї вобаста ба таъмини суратбахшии љараёни хусусигардонї ва истифодабарии самараноки моликияти давлатї, тавассути ташкилу баргузории музоядањо ва озмунњои шаффофу ошкорбаёна бо маќсади фурўши моликияти давлатию ба иљора супоридани моликияти давлатї ва дар ин аснод афзун намудани воридоти маблаѓ ба буљљети давлат, корҳои зеринро ба сомон расонид.

Дар соли 2019 бањри ташкили фурўши моликияти давлатї дар маљмўъ 39 адад ќарорњои њайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон ба КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї ворид гардида, дар ин замина 45 музояда, аз љумла, 8 музоядаи фурўши иншоотњои ѓайриманќул, 26 музояда оид ба фурўши воситањои наќлиёт ва 11 музояда оид ба фурўши металњои сиёњ ва ранга баргузор карда шуд.

Аз љумла, дар давраи њисоботї њангоми ба савдо баровардани 15 иншоотњои ѓайриманќул 13 адади онњо фурўхта шуд. Аз љумла, аз ин миќдор 2 адад иншооти ѓайриманќули мансуб ба моликияти љумњуриявї тибќи супоришоти Кумита тавассути бахши Корхона дар вилояти Сугд фурўхта шудааст.

Оид ба фурўши воситањои наќлиёт дар давоми соли љорї 26 савдои музоядавї баргузор шуда, тавассути 600 адад воситаҳои наќлиётї ба савдо гузошта шудаанд ва дар натиљаи савдо 332 адади он фурўхта шудаанд. Аз љумла, 9 адад воситаи наќлиёт аз љониби бахши Корхона дар вилояти Хатлон ва 94 адад воситаи наќлиёт аз тарафи бахши Корхона дар вилояти Суѓд фурўхта шудаанд.

Дар мавриди фурўши пораву партовњои металњои сиёњ ва ранга, ки дар натиљаи аз эътибор соќит намудани воситањои асосии корхонаю ташкилотњои давлатї љамъоварї карда мешаванд, иттилоъ хоњем дод, ки дар соли 2019 ба Корхона њамагї 13 адад ќарори њайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї љињати иљро пешнињод гардидааст.

Ба њолати 31 декабри соли 2019 дар натиљаи чорањои муштараки Корхона ва бахшњои минтаќавии он, дар маљмўъ 2829,297 тонна пораву партовњои металлњои сиёњ, чуян ва ранга фурўхта шуд.

Аз ин њисоб тавассути Корхона 2781,422 тонна металњои сиёњ, 6,056 тонна металњои ранга ва 41 924 тонна чуян фурўхта шуд.

Дар давраи њисоботї КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 8 музояда оид ба фурўши амволњои њабсгардида љињати ба савдои музоядавї баровардани таљњизотњо ва амволи људогона, тибќи супориши Кумита баргузор намуд, ки дар натиљаи савдоњо 72 адад маљмўи амволњои њабсгардида, аз ќабили матоъ, мизи идоравӣ, мањсулоти мевагӣ, ва ѓайра маводҳои рузғор фурўхта шуданд.

           Дар навбати худ, аз њисоби таъмини раќобат, дар савдоњои музоядавї дар соли 2019 таќрибан 23 % афзудааст.

Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї љињати тавассути баргузории озмунњо ба роњ мондани иљораи амволи давлатї ва сариваќт таъмин намудани пардохти маблаѓи иљора дар доираи талаботњои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиќи Тартиби ба иљора супоридани амволи давлатї» ва ќарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2012 №3 дар 11 мохи соли 2019 чорањои зарурї андешидааст.

Иттилоъ хоњем дод, ки дар давраи њисоботї дар асоси супоришњои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї Корхона љињати ба иљора супоридани амволи давлатї 15 озмун барпо намуда, тавасути он 342 адад иншооти давлатї ба иљора супоридааст.

Дар маљмўъ ба њолати 31 декабри соли 2019 – 672 адад шартнома мавриди амал ќарор дорад. Аз љумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 498 шартнома, тавассути бахши Суѓдии КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 118 шартнома ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї 118 шартнома баста шудаанд.

Дар самти назорати пардохти сариваќтии маблаѓњои иљора аз љониби Корхона мунтазам чорањои зарурї андешида шуда, аз љумла, аз љониби КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї дар ин давра огоњинома ба Иљорагироне, ки маблаѓњои иљораро сариваќт напардохтаанд бо њисобї намудани љаримањо ирсол карда шуд, ки аз натиљаи иљрои он Корхона мунтазам ба Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї ва Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї, сароѓоз љињати њамгирої барои таъмини пардохти маблаѓњои иљора ва минбаъд њангоми таъмин нагардидани ўњдадорињо аз тарафи иљоргирон, барои баррасии масъалаи бекоркунии шартномањо маълумот ва дархостњои дахлдор ирсол менамояд.

Њамзамон, дар давраи њисоботї бо вуљуди риоя нагаштани ўњдадорињои шартномавї ва ё хоњиши тарафайн дар асоси хулосањои Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон дар доираи расмиёти муќарраршудаи ќорори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиќи Тартиби ба иљора супоридани амволи давлатї» ва шартномањои баимзорасида, 46 адад шартномањо дар асоси хулосаи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон бекор карда шудаанд.

            Дар соли 2019 оид ба баргузории музоядањо дар рўзномањои љумњуриявї мувофиќи талаботњои Низомномаи «Тартиби фурўши объектњои моликияти давлатї дар музоядањо» 68 – ахбори пурраи иттилоотї чоп карда шуда, бо маќсади љалби бештари иштирокчиён ба музоядањо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї эълону маълумотњои пурра оид ба баргузории музоядањои фурўши амволњои давлатї бо дарљи аксу маълумотњои техникии иншоотњо мунтазам инъикос мегарданд.