Фаъолияти корхона

Мақсад ва намудҳои фаъолияти Корхона

Мақсади фаъолияти Корхона ташкил ва гузаронидани савдои мулку моликият буда, барои таъмини мунтазами савдои мулку моликият, миёнарави кардан барои бастани доду гирифти мулку моликият, машғул шудан ба фаъолияти тиҷорати, аз ҷумла: хариду-фурӯш, иваз намудан мувофиқи санадҳои муқарраршуда, гузаронидани чорабиниҳои мадани башардусти, инчунин ба танзим даровардани ташкили савдо ва бартараф намудани баҳсу мунозираҳои савдо, ҷамъ ва паҳн намудани маълумот дар бораи нарх, ҳолати объектҳо, ҷои онҳо, тартиб ва шартҳои ҳисобу китоб ва дигар факторҳои нарху наво машғул шудан аст.

Корхона ташкилоти тиҷоратиест, ки қобилияти махсуси ҳуқуқи ва ҳамчунин ҳуқуқу масъулиятҳои гражданиро барои ба амал баровардани фаъолиятҳои дар ҳамин модда муқарраршуда доро мебошад. Корхона фаъолиятҳои зеринро ба амал мебарорад:
Фаъолияти асосии Корхона инҳоанд:
- Мусоидат ба иҷроиши барномаҳои давлатии хусусигардонии моликияти давлатӣ.
- Ташкили фурӯши объектҳои хусусигардонии моликияти давлати ва бо тариқи шартномави амволи ҳабсгардида ва инчунин дигар амволи шахсони ҳуқуқи ва воқеи;
- Ҷалб намудани капитали хориҷи барои харидани объектҳои хусусигардони;
- Расонидани кӯмак ба объектҳои хусусигардонидашуда барои бо ашьё, тачҳизот, аз ҷумла бо намуди хориҷи таъмин намудан;
- Бунёди инфраструктураи бозорӣ ва механизми бозории хусусигардонии моликият.
- Ташкил ва таъмини ахбори савдои мулку моликияти хусусигардони;
- Таъмини тезонидани фуруш ва харидани мулку моликият аз тарафи шахсони воқеъи ва сохторҳои ғайридавлатӣ;
- Расонидани хизмати ахборию консултасиони доир ба хусусигардонии моликият ва фурӯши он;
- Таҳия, ҷори ва паҳн намудани барномаи воситаҳо ва комплексҳои автоматикунонидашуда барои амали гардонидани савдои мулку моликият.
- Гузаронидани музояда, тендер, озмун ва дигар шаклҳои савдо.
- Корхона тартиби гузаронидани савдоро дар сексияҳои гуногун ва қоидаҳои онро бо розигии Муассис муайян намуда тасдиқ мекунад.
Барои ҷори намудани фаъолияти мунтазами Корхона:
- ваколат ва вазифаи функсионалии кормандони корхона, муқаррар кардани шакл, система ва миқдори музди меҳнати коркунон ва дигар намудҳои даромади онҳоро роҳбари Корхона муайян мекунад;
- барои такмил додан ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон аз ҷумла барои ба хориҷа фиристодан, муҳае намудани шароити муътадили кори бо назардошти шакли либос, харидани манзил, хӯрок, бастани суғурта, додани қарзи фоизаш ройгон ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешавад;
- фаъолияти нашри-намоиширо ҷори намуда, бюллетенҳои Корхона, маълумотномаҳо, ахборҳо ва дигар намудҳои хуччатҳои ахборотиро нашр мекунад;
- маблағгузори ва воситаҳоро дар объектҳо барои дарёфти мақсадҳои Корхона, инчунин лоиҳаҳое, ки дар доираи ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, ассосиатсияҳо, иттиҳодияҳовамонандионҳоиҷрошударомувофиқишартномаанҷоммедиҳад;
- савдои коғазҳои қимматнокро мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқи мегузаронад;
- фаъолияти иқтисоди беруниро мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи мазкур амали мегардонад;
- ба мақомоти давлати доир ба фаъолияти Корхона таклифҳо пешниҳод менамояд.
- фаъолиятҳое, ки барои онҳо литсензия (иҷозати махсус) лозим аст, баъд аз ба даст даровардани литсензия (иҷозати махсус) бо тартибе, ки қонунгузори муайян намудааст, ба амал бароварда мешаванд.
- асъори хориҷие, ки Корхона дар натиҷаи фаъолияти хориҷии иқтисодӣ ба даст овардааст, баъд аз пардохт намудани андоз ба буҷа, ба ҳисоби асъории Корхона равона карда мешавад ва худаш онро мустақилона истифода мебарад ва гирифтани он мумкин нест.
- Корхона дар доираи мақсади худ ва мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад фаъолияти иқтисоди хориҷиро мустақилона ба амал барорад. Ба ин мақсадҳо Корхона ҳақ дорад:
амалиёти содироту воридотро анҷом диҳад: 
- бо розигии Муассис корхонаҳои муштарак ва дигар корхонаҳоро бо иштироки сармоягузории хориҷи таъсис намояд:
- ба ташкилотҳо ва ширкатҳои мамлакатҳои хориҷи ҳамкории илми-техники ва истеҳсолотиро ба амал бароварад:
- дар кори биржаҳо, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналхалқи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад.


Ташкилёбии корхона

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар асоси қарори Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2003 № 52 таъсис дода шудааст. Бо мақсади мутобиқ намудани оинномаи корхона ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 182 аз 03 апрели соли 2004 «Дар бораи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз нав таҳрир гардида бо Қарори Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 25 аз «01» сентябри 2004 тасдиқ карда шудааст. Баҳри мутобиқ намудани оинномаи Корхона ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 «Дар бораи такмил додани сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Оинномаи Корхона бо тағирот аз нав бо фармони Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон № ___ аз «____» _______________ 2007 тасдиқ гардидааст.
Муассиси Корхона Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соҳибмулки амволе, ки ба Корхона вобаста шудааст, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Номи расмии Корхона: Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлати
Маҳали ҷойгиршавии Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кучаи Теҳрон, 21