Сомона дар холати коркард карор дорад!!!
Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2025



Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2025

             Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳайати мушовараи Кумита ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита дар самти амалигардонии вазифаҳои базиммадошта оид ба таъмини суратбахшии ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатӣ, тавассути ташкилу баргузории музоядаҳо ва озмунҳои шаффофу ошкорбаёна бо мақсади фурӯш ва ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ дар соли 2025 маълумоти мазкурро эҳтиромона манзур менамояд.

Дар соли 2025 ба КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади фурӯши моликияти давлатӣ дар маҷмӯъ 24 адад қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина 57 музояда, аз ҷумла, 2 музоядаи фуруши саҳмияҳои давлатӣ, 13 музоядаи иншоотҳои ғайриманқул, 15 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт, 1 музоядаи фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин 10 музояда оид ба фурӯши амволҳои ҳабсгардида ва 16 музояда оиди фуруши амволҳои собиқ бонкҳо баргузор намуд.

Дар давраи ҳисоботи 3 адад бастаи саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ ба савдо бароварда шуда фурӯхта шуд.    

Инчунин дар соли 2025-ум 17 адад иншоотҳои ғайриманқул дар натиҷаи савдои музоядавӣ фурухта шуд, ки маблағи онҳо пурра пардохт гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ тариқи музоядаҳо 108 адад воситаҳои нақлиёт ба савдои музоядавӣ пешниҳод гардида, дар натиҷаи савдоҳо фурӯхта шуд.

Дар мавриди фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ, чуян ва рангаи аз эътибор соқит намудаи воситаҳои асосии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, иттилоъ медиҳем, ки дар давраи ҳисоботии соли 2025 дар маҷмӯъ 31,751 тонна пораву партовҳои металлҳои сиёҳ, чуян ва ранга фурӯхта шуд.

-         Аз ҷумла:

Пораву партовҳои металҳои:

Сиёҳ

Чуян

Ранга

Миқдор (бо тонна)

21,600

9,946

0,205

               Дар давраи ҳисоботӣ КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ         10 музояда оид ба ташкили фурӯши амволҳои ҳабсгардида барои ба савдои музоядавӣ баровардани таҷҳизотҳо ва амволҳои ҷудогона баргузор намуд, ки дар натиҷаи савдоҳо 80 адад амволҳои ҳабсгардида ва дигар амволҳои мусодирагардида фурӯхта шуд.

Инчунин дар соли 2025 КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ аз ҳисоби амволҳои собиқ ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСК “Фононбонк” ва БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” 33 адад амволҳо фурухта шуд.

 Фуруш ва ба иҷора супордани амволҳои ҶСК “Агроинвестбонк”

ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 

Номгуй

Тариқи музояда

Тариқи шартнома

(бе музояда)

ҶСК “Агроинвестбонк”

13 адад

1 адад

ҶСК “Фононбонк”

18 адад

--

БСТТИСТ “Тоҷпромбонк”

2 адад

--

Ҳамагӣ:

33

1

Иҷораи амвол

 

 

ҶСК “Агроинвестбонк”

21 адад

---

ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

14 адад

---

ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

 

 

ҶСК “Фононбонк”

3 адад

---

 

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2025 дар асоси супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани амволи давлатӣ 16 озмун барпо намуд, ки тавасути он 506 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шудааст.

Дар маҷмуъ, ба ҳолати 30.12.2025 сол 1130 адад шартнома дар масоҳати 208833 м.м. мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 815 адад шартномаҳо дар масоҳати 135601,709 м.м., тавассути бахши Хатлонии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 85 адад шартномаҳо дар масоҳати 3478,83 м.м., тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 230 адад шартномаҳо дар масоҳати 69752,47 м.м. ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ 2 адад шартномаҳо баста шудааст.

Баҳри иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №10-Ф аз 27 феврали соли 2020 оид ба иҷора супоридани масоҳатҳои МД “Маркази ҷумҳурявии хизматрасониҳои фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ”-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ озмунҳо баргузор гардида дар солҳои 2021 – 2025 дар натиҷа 70 шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ дар масоҳати 3949,6 м.м. баста шуд, ки ин маблағи иҷорапулӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.

Ҳамзамон баҳри иҷрои банди 2-и фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №11-Ф аз 27 феврали соли 2021 оид ба иҷора супоридани масоҳатҳои ҶСК “Фононбонк”, ки ба тавозуни Бинои маъмурии бонк аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди супориши озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ аз соли 2022 – 2025 озмун баргузор гардид, ки дар натиҷа 3 шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ дар масоҳатӣ 333,6 м.м. баста шуда мавриди амал қарор доранд, ки ин маблағи иҷорапулӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.

Инчунин дар асоси мактуби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2021 таҳти №3-3в/346 вобаста ба масъалаи ба расмият даровардани шартномаҳои иҷораи амалкунандаи молу мулки ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Шуъбаи ба иҷора супоридани амволи давлатӣ ба ҳолати 30 декабри соли 2025 дар натиҷа 35 адад шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ аз ҳисоби биноҳои собиқ ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки аз ҷумла аз ҳисоби ҶСК “Агроинвестбонк” 21 адад шартнома ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 14 адад шартнома, (1 адад шартнома тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ) ва мавриди амал қарор доранд.

Дар давраи ҳисоботи оид ба баргузории музоядаҳо ва озмуни иҷораи амволи давлатӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқи талаботҳои Низомномаи «Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо» зиёда аз 120 – ахбори пурраи иттилоотӣ чоп карда шуда, бо мақсади ҷалби бештари иштирокчиён ба музоядаҳо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ эълону маълумотҳои пурра оид ба баргузории музоядаҳои фурӯши амволҳои давлатӣ бо дарҷи аксу маълумотҳои техникии иншоотҳо мунтазам инъикос мегарданд.