Маълумот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар 9 моҳи соли 2017

 

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳайати мушовараи Кумита ва дастуру супоришҳои Раис ва роҳбарияти Кумита дар самти амалигардонии вазифаҳои базиммадошта оид ба таъмини суратбахшии ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатӣ, тавассути ташкилу баргузории музоядаҳо ва озмунҳои шаффофу ошкорбаёна бо мақсади фурӯш ва ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ дар 9 моҳи соли 2017 маълумоти мазкурро эҳтиромона манзур менамояд.

Иттилоъ медиҳем, ки дар 9 моҳи соли 2017 ба КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади фурӯши моликияти давлатӣ дар маҷмӯъ 20 адад қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина 27 музояда, аз ҷумла, 1 музоядаи бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ, 10 музоядаи фурӯши иншоотҳои ғайриманқул, 11 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиётӣ ва 5 музояда оид ба фурӯши металҳои сиёҳ ва ранга баргузор гардид.

Бо вуҷуди ин, зарурат ба қайд аст, ки дар соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли 2016 миқдори супоришҳои музоядавӣ, яъне қарорҳои ҳайати мушовара оид ба фурӯш гузоштани амволи давлатӣ 46% камтар гардида, дар натиҷа дар соли ҷорӣ дар таносуб ба соли 2016 - 17 музояда камтар баргузор карда шуд.

          Ҳамчунин, ҳангоми ба савдо баровардани 23 иншоотҳои ғайриманқул 18 адади онҳо фурӯхта шуда, ҳуҷҷатҳои боқимонда 5 иншоот бинобар пайдо нашудани харидор ба Кумита бозпас гардидааст. Таҳлил нишон дод, ки дар 9 моҳи соли 2016 низ 18 адад иншооти ғайриманқул фурӯхта шуда буд, вале маблағи фурӯши он назар ба соли 2017 камтар буд.

Оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт дар давраи ҳисоботӣ 11 савдои музоядавӣ баргузор гардид, ки дар ин маврид 145 адад автомашинаҳо ба савдо гузошта шуда, дар натиҷаи савдо 62 адади онҳо фурӯхта шуданд. Дар ин замина, ҳуҷҷатҳои боқимонда 83 адад воситаҳои нақлиётӣ, бинобар сабаби пайдо нашудани харидор ба Кумита бозпас карда шудаанд.

Дар мавриди амалигардонии қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 24 сентябри соли 2012 №178 дар самти ба роҳ мондани фурӯши пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга, ки дар натиҷаи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд, иттилоъ медиҳем, ки дар 9 моҳи 2017 ба Корхона дар маҷмӯъ 4 адад қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод гардид, ки зимни ин 656,781 тонна металҳои сиёҳ, 0,8 тонна металҳои ранга ва 244,86 тонна чуян барои фурӯш ба музоядаҳо бароварда шуданд.

Ба ҳолати 25 сентябри соли 2017 дар натиҷаи чораҳои муштараки Корхона ва бахшҳои минтақавии он, ҳамаи пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи пешниҳодшуда, ба пуррагӣ фурӯхта шуданд. Аз ҷумла:

Аз ин ҳисоб тавассути Корхона 538,661 тонна металҳои сиёҳ, 0,207 тонна металҳои ранга ва 210,5 тонна чуян, тавассути филиали Корхона дар шаҳри Хуҷанд 23,82 тонна металҳои сиёҳ ва тавассути филиали Корхона дар шаҳри Қурғонтеппа 94,3 тонна металҳои сиёҳ, 34,36 тонна чуян ва 0,593 тонна металҳои ранга фурӯхта шуд.

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 ҷиҳати тавассути баргузории озмунҳо ба роҳ мондани иҷораи амволи давлатӣ ва саривақт таъмин намудани пардохти маблағи иҷора мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин ҷода, дар давраи ҳисоботӣ дар асоси супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани амволи давлатӣ 14 озмун барпо гардид, ки тавасути он 265 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 61 адад шартнома зиёдтар мебошад.

Дар натиҷа, ба ҳолати 23 сентябри соли 2017 дар маҷмӯъ 619 адад шартнома мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 497 шартнома, тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 64 шартнома ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ 58 шартнома баста шудаанд.

Дар самти назорати пардохти саривақтии маблағҳои иҷора аз ҷониби Корхона мунтазам чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла, аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин давра 110 огоҳинома ба Иҷорагироне, ки маблағҳои иҷораро саривақт напардохтаанд бо ҳисобӣ намудани ҷарима ирсол карда шуд. Дар натиҷаи ин чораҳо аз ҷониби Иҷорагирон маблағҳои қарзӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуда, таъмини саривақтии пардохти маблағи иҷора рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ бо вуҷуди риоя нагаштани ӯхдадориҳои шартномавӣ ва ё бинобар дархостҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи расмиёти муқаррашудаи қорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва шартномаҳои ба имзорасида, 71 адад шартномаҳо бекор карда шудаанд.

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ иттилоъ меиҳад, ки иҷрои шартномаҳои хариду фурӯш ва шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ таҳти назорати қатъӣ гирифта шуда, ба ҳолати 20 сентябри соли 2017 маблағҳои аз ҳисоби фурӯши моликияти давлатӣ ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба Хазинадории марказии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Бо мақсади такмили қонунгузории самти ба иҷора супоридани амволи давлатӣ КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар асоси таҷриба ва дархосту эродҳои мавҷудаи ҷараёни мазкур ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар раванди ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ ба миёномада, тағйироту иловаҳоро барои ворид намудани ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 “Дар бораи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ” тибқи нақшаи кории Корхона барои нимсолаи аввали соли 2017 таҳия карда, ба Кумита моҳи майи соли 2017 ҷиҳати баррасӣ ирсол намуда буд.

Дар маҷмӯъ тағйиротҳои мазкур бо мақсади бартараф намудани монеагиҳои сунъии аз тарафи масъулини Дорандагони баланс ташкилшаванда нисбати Иҷорагирон ва дар ин замина расман муқаррар намудани баъзе аз муносибат ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои Дорандаи баланс ва Иҷорагир баҳри бартараф намудани амалиётҳои кашолкории иҷрои талаботҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 “Дар бораи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ” ва шартномаи иҷораи амволи давлатӣ, тартибу шартҳои воқеии тамдиди амали шартномаи иҷора ва қабулу супоридани объекти иҷора, инчунин баҳри таъмини кафолати пардохти маблағҳои иҷора аз тарафи иҷорагир ва пурзӯр намудани воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби иҷора, тартиб дода шудаанд. Дар ин бобат, Тавзеҳоти мухтассар оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори номбурда ва шартномаи мавҷудаи иҷораи амволи давлатӣ, инчунин лоиҳаи шартномаи иҷораи амволи давлатӣ бо тағйиротҳои воридшуда низ таҳия ва ба Кумита ирсол шуда буд.

Дар 9 моҳи соли 2017 Оид ба баргузории музоядаҳо дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқи талаботҳои Низомномаи «Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо» 37 – ахбори пурраи иттилоотӣ чоп карда шуда, бо мақсади ҷалби бештари иштирокчиён ба музоядаҳо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ эълону маълумотҳои пурра оид ба баргузории музоядаҳои фурӯши амволҳои давлатӣ бо дарҷи аксу маълумотҳои техникии иншоотҳо мунтазам инъикос мегарданд.

Баҳри таъмини иҷрои супориши Раиси Кумита, ки дар маҷлисҳои назоратии назди Раиси Кумита, инчунин дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 баён шудааст, Корхона бо мақсади таъмини шаффофияти бештари ҷараёни фурӯш ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ки худ аз татбиқгардонии сиёсати давлатӣ дар самти хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ бармеояд, Портали амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар суроғаи электронии www.molikiyat.tj созмон дод.

Дар ин замина, бо дарназардошти ҷалби мутахассиси барноманависи соҳаи ТИК (програмист) дар асоси шартномавӣ айни ҳол, барноманависии асосии Портал, дизайн ва сохтори он таҳия шуда, матни саҳифаҳои дахлдори иттилоотӣ-тағриботии он ба пуррагӣ ҷамъоварӣ ва дар Портал ҷойгир карда шуд. Вобаста ба ин санаи 17 августи соли 2017 тибқи супориши Раиси Кумита дар толори маҷлисгоҳи Кумита Портали мазкур ба ҳайати кормандони Кумита муаррифӣ қарда шуд.

Дар масъалаи андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба баланд намудани сатҳи муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни фаъолияти Корхона аз ҷониби роҳбарият аҳамияти хосса дода шуда, дар ин замина тибқи қарори Раиси Кумита аз 8 июни соли 2015 “Дар бораи дар таҳрири нав тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои солҳои 2013-2015 вобаста ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” мунтазам чорабиниҳо дахлдор амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, баҳри иҷрои бандҳои 1 ва 7-и Нақшаи чорабиниҳои Корхона санаи 30 марти соли 2017 баҳри баррасии ҷараёни татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия аз ҷониби Корхона ва бахшҳои минтақавии он, баланд намудани сатҳу сифати фаъолияти касбӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои характери коррупсионидошта дар ҷараёни амалӣ намудани вазифаҳои базиммадошта, бо иштироки роҳбарон ва муҳосибони бахшҳои Корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент Курғонтеппа ва кормандони дастгоҳи марказии Корхона ҷаласаи машваратӣ-таҳлилӣ баргузор карда шуд. Зимни ҷаласа масъалаи аз тарафи дастгоҳи мараказии Корхона ва бевосита бахшҳои минтақавии он иҷро шудани талаботҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи мазкур мавриди таҳлил қарор гирифта шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор оид ба пурзур намудани талошу амалиётҳо дар ин самт дода шуд.