ҲИСОБОТ оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ дар нимсолаи авали соли 2014

 

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи талаботҳои муқаррагардида таъмини суратбахшӣ ва самаранокии ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатиро тавассути ташкилу баргузории музоядаҳо ва озмунҳои шаффофу ошкорбаёнаи фурӯши моликияти давлатию самаранок ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ, мунтазам чораҷӯӣ менамояд.

Аз ҷумла дар 6 моҳи ҳисоботии соли 2014 бо мақсади фурӯши моликияти давлатӣ 26 музояда, аз он 2 музоядаи фурӯши саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ, 5 музоядаи фурӯши иншоотҳои ғайриманқул, 7 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт ва 6 музояда оиди фурӯши металҳои сиёҳ ва ранга баргузор намуда, баҳри иҷрои қарорҳои судӣ дар асоси супоришоти Кумита ташкили 6 музояда фурӯши амволҳои ҳабсгардидаро таъмин гардонид.

Зимни музоядаҳои зайл бастаи саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи 3 ҷамъиятҳои саҳомӣ, 15 иншоотҳои ғайриманқул, 80 воситаҳои нақлиётӣ, 304,3 тонна партовҳои металҳои сиёҳ ва 10,63  тонна партовҳои металҳои ранга ва 10 адад воситаи нақлиёту таҷҳизотҳои ҳабсшуда фурӯхта шудаанд.

Таҳлили нишондиҳандаҳои фурӯши моликияти давлатии нишон медиҳанд, ки аз ҳисоби таъмини рақобат дар савдоҳои музоядавӣ дар 6 моҳи соли 2014 моликияти давлатӣ оиди амволҳои фурӯхташуда нисбати нархи ибтидоии онҳо ба андозаи 18 фоиз афзудааст.

Дар баробари ин, иҷрои шартномаҳои хариду фурӯш таҳти назорати қатъӣ гирифта шуда, маблағҳои аз ҳисоби фурӯши моликияти давлатӣ ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ бо назардошти маблағҳои амволи дар соли гузашта фурӯхташуда тибқи тартиби муқаррагардида саривақт ба Хазинадории марказии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Дар самти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ҷиҳати баргузории озмунҳо иҷораи амволи давлатӣ ва саривақт таъмин намудани пардохти маблағи иҷора мунтазам чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботи дар асоси супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани 154 иншооти амволи давлатӣ 9 озмун барпо гардид, ки тавасути он 110 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шуд.

Дар маҷмӯъ, ба ҳолати 01.07.2014 с. - 469 адад шартнома баста шудааст.

Мавриди зикр аст, ки КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар самти ба иҷора супоридани амволи давлатӣ дар соли ҷорӣ ҷараёни таъминоти пардохти маблағҳои иҷораро яке аз самтҳои калидӣ пеш гирифта, ин равандро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст, Дар ин ҷода, мунтазам бо иҷорагирон корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ шуда, аз тарафи дигар дар мавриди саривақт напардохтани маблағҳои иҷора аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ мутобиқи талаботҳои амалкунандаи қонунгузорӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин давра 61 огоҳинома ба Иҷорагироне, ки маблағҳои иҷораро саривақт напардохтаанд бо ҳисобӣ намудани ҷарима ирсол карда шуд. Дар натиҷа ин чорабинӣ аз ҷониби Иҷорагирон маблағҳои қарзӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуда, таъмини саривақтии пардохти маблағи иҷора рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи расмиёти муқаррашудаи қорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва шартномаҳои баимзорасида бо талаби иҷорагир ва ё бинобар сабаби аз ҷониби иҷорагир иҷро нагардидани ӯхдадориҳои ба зимма гирфташудаи шартномаҳо 46 адад шартнома бекор карда шудаанд.

Дар ин давра баҳри иҷрои супориши шифоии Раиси Кумита роҳбари бахши Корхона дар шаҳри Хуҷанд аз вазифа озод карда шуда, ба ин вазифа Назаров Гаффор Нуриддинович таъйин карда шуд. Дар ин замина ба роҳбари нави бахш оиди дуруст ба роҳ мондани фаъолияти муътадил ва мақсадноки бахш дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Баҳри иҷрои дастури Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъйин намудани намояндагони ваколатдори КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ноҳияи Рашт ба миён гузошта шудааст, ки вобаста ба ин ба суроғаи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии н. Рашт мактуби дахлдор дар мавзӯи таъйини номзадӣ ба ҳайси  намояндаи ваколатдори Корхона дар н. Рашт ҷиҳати шиносоӣ ирсол карда шуда, минбаъд фармони дахлдор дар ин самт бароварда хоҳад шуд.