ҲИСОБОТ оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ дар 9 моҳи соли 2014

 

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва Низомномаи Корхона ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раис ва ҳайати роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба таъмини суратбахшӣ ва самаранокии ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатӣ, тавассути ташкилу баргузории музоядаҳо ва озмунҳои шаффофу ошкорбаёна бо мақсади фурӯши моликияти давлатию самаранок ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ ва дар ин аснод, афзун намудани воридоти маблағ ба буҷҷети давлат, корҳои зеринро ба сомон расонид.

Дар 9 моҳи соли 2014 ба КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади фурӯш моликияти давлатӣ дар маҷмӯъ 41 адад қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина 45 музояда, аз ҷумла, 5 музоядаи фурӯши саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ,  15 музоядаи фурӯши иншоотҳои ғайриманқул, 14 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт ва 13 музояда оиди фурӯши металҳои сиёҳ ва ранга баргузор карда шуд. Инчунин баҳри иҷрои қарорҳои судӣ дар асоси супоришоти Кумита тавассути баргузории 9 музояда фурӯши амволҳои ҳабсгардида таъмин гардид.

Дар ин ҷода, дар давраи ҳисоботӣ тавассути 5 музояда бастаи саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи 9 ҷамъиятҳои саҳомӣ ба савдо бароварда фурӯхта шуд.

Ҳамчунин, ҳангоми ба савдо баровардани 52 иншоотҳои ғайриманқул 35 иншоотҳои давлатӣ фурӯхта шудаанд.

Оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт дар давраи ҳисоботӣ 14 савдои музоядавӣ баргузор гардид, ки дар ин маврид 321 адад автомашинаҳо ба савдо гузошта шудаанд ва дар натиҷаи савдо 167 адади он фурӯхта шуд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 №184 “Дар бораи тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд” ва қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 24 сентябри соли 2012 №178 бо мақсади ба роҳ мондани фурӯши пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга, ки дар натиҷаи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд, аз ҷониби Корхона тибқи қарорҳои дахлдори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 856,173 тонна партовҳои металҳои сиёҳ ва 11,45 тонна партовҳои металҳои ранга фурӯхта шуд.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 9 музояда оид ба ташкили фурӯши амволҳои ҳабсгардида барои ба савдои музоядавӣ баровардани 15 адад воситаҳои нақлиёт ва 7 адад таҷҳизотҳо баргузор намуд, ки дар натиҷа 11 адад воситаи нақлиёту фурӯхта шуда, маблағи фурӯши онҳо пурра пардохт карда шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 ҷиҳати тавассути баргузории озмунҳо ба роҳ мондани иҷораи амволи давлатӣ ва саривақт таъмин намудани пардохти маблағи иҷора мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботи дар асоси супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани 456 иншооти амволи давлатӣ 16 озмун барпо гардид, ки тавасути он 308 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шуд.

Дар маҷмӯъ, ба ҳолати 30.09.2014 сол 563 адад шартнома баста шудааст. Аз ҷумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 531 шартнома, тавассути Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 шартнома ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ 31 шартнома баста шудааст, ки то ҳол мавриди амал қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар самти ба иҷора супоридани амволи давлатӣ дар соли ҷорӣ ҷараёни таъминоти пардохти маблағҳои иҷораро яке аз самтҳои калидӣ пеш гирифта, ин равандро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст, Дар ин ҷода, мунтазам бо иҷорагирон корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ шуда, аз тарафи дигар дар мавриди саривақт напардохтани маблағҳои иҷора аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ мутобиқи талаботҳои амалкунандаи қонунгузорӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин давра 150 огоҳинома ба Иҷорагироне, ки маблағҳои иҷораро саривақт напардохтаанд бо ҳисобӣ намудани ҷарима ирсол карда шуд. Дар натиҷа ин чорабинӣ аз ҷониби Иҷорагирон маблағҳои қарзӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуда, таъмини саривақтии пардохти маблағи иҷора рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи расмиёти муқаррашудаи қорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва шартномаҳои баимзорасида бо талаби иҷорагир ва ё бинобар сабаби аз ҷониби иҷорагир иҷро нагардидани ӯхдадориҳои ба зимма гирфташудаи шартномаҳо 79 адад шартнома бекор карда шудаанд.

Оид ба баргузории музоядаҳо дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқи талаботҳои Низомномаи «Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо»  113 – ахбори пурраи итилоотӣ чоп карда шуда, бо мақсади ҷалби бештари иштирокчиён ба музоядаҳо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ эълону маълумотҳои пурра оид ба баргузории музоядаҳои фурӯши амволҳои давлатӣ бо дарҷи аксу маълумотҳои техникии иншоотҳо мунтазам инъикос мегарданд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумита охири нимсолаи аввали соли ҷорӣ намояндаи ваколатдори Корхона дар ВМКБ таъйин карда шуд, ки айни ҳол баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумита он дар асоси низомнома ва ваколатномаи тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқшуда фаъолият дорад.

То ҳол, аз ҷониби намояндагӣ ҳамагӣ 2 музояда гузаронида шуда дар он   5 иншооти ғайриманқул ва 13 адад воситаи нақлиёти фурӯхта шудаанд.

Дар ин давра баҳри иҷрои супориши шифоии Раиси Кумита роҳбари бахши Корхона дар шаҳри Хуҷанд аз вазифа озод карда шуда, ба ин вазифа Назаров Гаффор Нуриддинович таъйин карда шуд. Дар ин замина ба роҳбари нави бахш оиди дуруст ба роҳ мондани фаъолияти муътадил ва мақсадноки бахш дастуру супоришҳои дахлдор дода шуда, айни замон, дар бахш тибқи дастурҳои додашуда тадбирҳо андешида мешаванд.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботи бахши Корхона дар шаҳри Хуҷанд 1 музоядаи фурӯши иншоотҳои ғайриманқул, 4 музоядаи воситаҳои нақлиёт ва 1 музоядаи фурӯши пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва рангаро гузаронд. Дар натиҷа як иншооти ғайриманқул, 33 адад воситаҳои нақлиёти, 197,538 тонна металҳои сиёҳ ва 11,45 тонна металҳои ранга фурӯхта шудаанд.

Дар 9 моҳи соли 2014  аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади нигоҳдорӣ ва дастрасии электронии маълумотҳои бойгонии Кумита, маводҳои хусусигардонии воситаҳои асосии давлатӣ ва ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ барои 8 моҳи соли 2014 дар ҳаҷми тақрибан 2500 варақ ва аксҳои иншоотҳо нусхабардорӣ карда шуда, ба шакли электронӣ гузаронида шудаанд.