Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2015

 

     Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва Низомномаи Корхона ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раис ва ҳайати роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба таъмини суратбахшӣ ва самаранокии ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатӣ, тавассути ташкилу баргузории музоядаҳо ва озмунҳои шаффофу ошкорбаёна бо мақсади фурӯши моликияти давлатию самаранок ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ ва дар ин аснод, афзун намудани воридоти маблағ ба буҷҷети давлат, корҳои зеринро ба сомон расонид.

     Дар нимсолаи аввали соли 2015 ба КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади фурӯш моликияти давлатӣ дар маҷмӯъ 23 адад қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина 27 музояда, аз ҷумла,          6 музоядаи фурӯши саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ, 9 музоядаи фурӯши иншоотҳои ғайриманқул, 9 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт ва 3 музояда оиди фурӯши металҳои сиёҳ ва ранга баргузор карда шуд.

     Дар ин ҷода, дар давраи ҳисоботӣ тавассути 6 музояда бастаи саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи 6 ҷамъиятҳои саҳомӣ фурӯхта шуданд.

     Ҳамчунин, ҳангоми ба савдо баровардани 37 иншоотҳои ғайриманқул 30 иншоотҳои давлатӣ фурӯхта шуда, 4 иншоот бо сабаби пайдо нагардидани харидор ба Кумита бозпас гардидааст. Аз ҷумла, 5 иншооти ғайриманқул дар бахши Суғдии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ фурӯхта шудааст.  

     Оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт дар давраи ҳисоботӣ 9 савдои музоядавӣ баргузор гардид, ки дар ин маврид 270 адад автомашинаҳо ба савдо гузошта шудаанд ва дар натиҷаи савдо 122 адади он фурӯхта шуд.

     Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 №184 “Дар бораи тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд” ва қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 24 сентябри соли 2012 №178 бо мақсади ба роҳ мондани фурӯши пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга, ки дар натиҷаи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд, дар маҷмӯъ 3 адад қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорва идораи амволи давлатӣ ба Корхона ворид шудааст, ки зимни ин 418 162 тонна металҳои сиёҳ (аз ҷумла 52,92 тонна чуян) ва 1651,053 тонна металҳои ранга барои фурӯш пешниҳод карда шудаанд.

     Дар ин давра дар Корхона ҳамагӣ 3 музоядаи фурӯши оҳанпораҳо баргузор гашта, дар натиҷа 70,584 тонна металҳои сиёҳ фурӯхта шуд.

     Баҳри таъмини суратбахшии ҷараёни фурӯши оҳанпораҳо дар ин давра тавассути филиали Корхона дар шаҳри Хуҷанд 297,082 тонна металҳои сиёҳ ва 1,578 тонна металҳои ранга фурӯхта шуд.

     Ҳамзамон, аз ҷониби филиали Корхона дар шаҳри Қурғонтеппа 13,487 тонна металҳои сиёҳ тариқи музояда фурӯхта шуд.

     Дар натиҷаи чораҳои муштараки Корхона ва филиалҳои он ҳамагӣ 381,153 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва 1,578 тонна пораву партовҳои металҳои ранга фурӯхта шудааст.

     Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 3 музояда оид ба ташкили фурӯши амволҳои ҳабсгардида барои ба савдои музоядавӣ баровардани 10 адад воситаҳои нақлиёт, таҷҳизотҳо ва амволи ҷудогона баргузор гардид, ки дар натиҷа 7 адад воситаҳои нақлиёти ҳабсгардида фурӯхта шуда, маблағи фурӯши онҳо пурра пардохт гардидаанд.

     Дар навбати худ, аз ҳисоби таъмини рақобат дар савдоҳои музоядавӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 нархи ниҳоии амволҳои фурӯхташуда нисбати нархи ибтидоии онҳо зиёда аз 17 фоиз афзудааст.

     Дар баробари ин, иҷрои шартномаҳои хариду фурӯш таҳти назорати қатъӣ гирифта шуда, ба ҳолати 01 июли соли 2015 маблағҳои аз ҳисоби фурӯши моликияти давлатӣ ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида саривақт ба Хазинадории марказии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд.

     Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 ҷиҳати тавассути баргузории озмунҳо ба роҳ мондани иҷораи амволи давлатӣ ва саривақт таъмин намудани пардохти маблағи иҷора мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.

     Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботи дар асоси супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани 471 иншооти амволи давлатӣ 10 озмун барпо гардид, ки тавасути он 283 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шуд. Дар ин ҷода дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ дар муносибати соли 2014 – 173 адад зиёдтар шартномаи иҷора ва ё 2,5 маротиба зиёдтар баста шудааст. 

     Дар маҷмӯъ, ба ҳолати  01.07.2015 сол 671 адад шартнома мавриди амал қарор дорад, ки назар ба нимсолаи соли 2014-ум 30 % маблағ зиёдтар гаштааст. Аз ҷумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 662 шартномаҳо тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ 8 шартнома баста шудааст, ки то ҳол мавриди амал қарор доранд.

     Мавриди зикр аст, ки КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар самти ба иҷора супоридани амволи давлатӣ дар соли ҷорӣ ҷараёни таъминоти пардохти маблағҳои иҷораро яке аз самтҳои калидӣ пеш гирифта, ин равандро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст, Дар ин ҷода, мунтазам бо иҷорагирон корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ шуда, аз тарафи дигар дар мавриди саривақт напардохтани маблағҳои иҷора аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ мутобиқи талаботҳои амалкунандаи қонунгузорӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин давра 94 огоҳинома ба Иҷорагироне, ки маблағҳои иҷораро саривақт напардохтаанд бо ҳисобӣ намудани ҷарима ирсол карда шуд. Дар натиҷа ин чорабинӣ аз ҷониби Иҷорагирон маблағҳои қарзӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуда, таъмини саривақтии пардохти маблағи иҷора рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

     Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи расмиёти муқаррашудаи қорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва шартномаҳои баимзорасида бо талаби иҷорагир ва ё бинобар сабаби аз ҷониби иҷорагир иҷро нагардидани ӯхдадориҳои ба зимма гирфташудаи шартномаҳо 25 адад шартнома бекор карда шудаанд.

     Дар ин замина, омӯзиши раванди пардохти маблағҳои иҷораи амволи давлатӣ нишон медиҳад, ки дар ҳамин давраи соли ҷорӣ бе дарназардошти маблағҳои воридшаванда аз ҳисоби шартномаи байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон аз 25 июли соли 2012, ки ин назар ба соли сипаригашта 57 % зиёдтар мебошад.

     Оид ба баргузории музоядаҳо дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқи талаботҳои Низомномаи «Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо»  37  – ахбори пурраи итилоотӣ чоп карда шуда, бо мақсади ҷалби бештари иштирокчиён ба музоядаҳо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ эълону маълумотҳои пурра оид ба баргузории музоядаҳои фурӯши амволҳои давлатӣ бо дарҷи аксу маълумотҳои техникии иншоотҳо мунтазам инъикос мегарданд.

     Бояд қайд намуд, ки дар масъалаи муқовимат ба коррупсия аз ҷониби роҳбарияти Корхона аҳамияти хосса дода дар ин замина бо дастури Раиси Кумита ва қарори Раиси Кумита аз 8 июни соли 2015 “Дар бораи дар таҳрири нав тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои солҳои 2013-2015 вобаста ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.

     Аз ҷумла, санаи 13 апрели соли 2015 бо иштироки кулли кормандони корхона ва ҳайати роҳбарияти бахшҳои минтақавии Корхона ҷаласаи машваратӣ- таҳлилӣ вобаста ба татбиқи Стратеги муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 баогузор гашта буд. Дар ҷаласаи мазкур дар баробари натиҷагирии аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба масъалаҳои воқеии суратбахшии татбиқи Стратегия мазкур, аз ҷумла бозомӯзии талаботҳои низоми фурӯш ва ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ бо мақсади роҳ надодани ба камбудиҳа хусусан ба хатогиҳое, ки ба ҳаракатҳои коррупсионӣ баробаркардашуда оварда мерасонад диққати ҷиддӣ дода шудааст. Дар баробари ин, баҳри такмилдиҳии ҷараёни хусусигардонӣ ва ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ, инчунин мушкилотҳои самтҳои мазкур таклифу пешниҳодҳои мутахассисони дастгоҳи марказии Корхона ва намондагони бахшҳои минтақавии он мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.

     Ҳамзамон, дар моҳи майи соли ҷорӣ кулли кормандони Корхона дар маҷлиси машваратии Кумита, ки бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта буд, иштирок намуд, ки Роҳбари Корхона дар ҷараёни ҷаласа аз дастовардҳову мушкилотҳои мавҷудаи ҷараёни татбиқи Стратеги муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузахонӣ намудааст.

     Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади нигоҳдорӣ ва дастрасии электронии маълумотҳои бойгонии Кумита, маводҳои хусусигардонии воситаҳои асосии давлатӣ ва ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ нимсолаи аввали соли 2015 дар ҳаҷми тақрибан 2500 варақ ва аксҳои иншоотҳо нусхабардорӣ карда шуда, ба шакли электронӣ гузаронида шудаанд.