Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2017

      Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ тибқи супориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста багузориши сардори шӯъбаи маҷмӯӣ ва иттилооти Кумита дар мавриди пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва корхонаҳои системаи Кумита эҳтиромона ҳисоботи зеринро манзур менамояд.

     Иттилоъ медиҳем, ки дар соли 2017 ба КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади фурӯши моликияти давлатӣ дар маҷмӯъ 26 адад қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина 40 музояда, аз ҷумла, 1 музоядаи бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ, 16 музоядаи фурӯши иншоотҳои ғайриманқул, 17 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиётӣ ва 7 музояда оид ба фурӯши металҳои сиёҳ ва ранга баргузор гардид.

      Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи 1 ҷамъияти саҳомии ба савдо бароварда шуда, фурӯхта шуд. Ҳамчунин, ҳангоми ба савдо баровардани 30 иншоотҳои ғайриманқул 27 адади онҳо фурӯхта шуда.

     Оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт дар давраи ҳисоботӣ 17 савдои музоядавӣ баргузор гардид, ки дар онҳо 253 адад автомашинаҳо ба савдо гузошта шудаанд ва дар натиҷаи савдо 112 адад воситаҳои нақлиёт фурӯхта шуд.

    Дар мавриди амалигардонии қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 24 сентябри соли 2012 №178 дар самти ба роҳ мондани фурӯши пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга, ки дар натиҷаи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд, дар 11 моҳи 2017 ба Корхона дар маҷмӯъ 5 адад қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод гардид, ки зимни ин 721,48 тонна металҳои сиёҳ, 0,8 тонна металҳои ранга, 252,5 тонна чуян ва 50 тоннаи дюралюмин барои фурӯш ба музоядаҳо бароварда шуданд.

Аз ин ҳисоб тавассути Корхона 603,36 тонна металҳои сиёҳ, 0,207 тонна металҳои ранга ва 218,14 тонна чуян, тавассути филиали Корхона дар шаҳри Хуҷанд 23,82 тонна металҳои сиёҳ ва тавассути Корхона филиали Корхона дар шаҳри Қурғонтеппа 94,3 тонна металҳои сиёҳ, 34,36 тонна чуян ва 0,593 тонна металҳои ранга фурӯхта шуд.

     Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 ҷиҳати тавассути баргузории озмунҳо ба роҳ мондани иҷораи амволи давлатӣ ва саривақт таъмин намудани пардохти маблағи иҷора мунтаззам чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин ҷода, дар давраи ҳисоботӣ дар асоси супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани амволи давлатӣ 18 озмун барпо гардид, ки тавасути он 326 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шуд. Дар натиҷа, ба ҳолати 29 декабри соли 2017 дар маҷмӯъ 627 адад шартнома мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 467 шартнома, тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 102 шартнома ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ 58 шартнома баста шудаанд.

     Дар самти назорати пардохти саривақтии маблағҳои иҷора аз ҷониби Корхона мунтазам чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла, аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин давра 115 огоҳинома ба Иҷорагироне, ки маблағҳои иҷораро саривақт напардохтаанд бо ҳисобӣ намудани ҷарима ирсол карда шуд.

     Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ бо вуҷуди риоя нагаштани ӯхдадориҳои шартномавӣ ва ё хоҳиши тарафайн дар асоси хулосаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи расмиёти муқаррашудаи қорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва шартномаҳои баимзорасида, 96 адад шартномаҳо ба маблағи 825 534 сомонӣ дар асоси хулосаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шудаанд. Аз ҷумла, 22 адад шартномаҳо бинобар сабаби зарурати истеҳсолӣ бо дархости Дорандаи баланс, 71 адад шартнома бо хоҳиши тарафайн, яъне дархости худи иҷорагирон ва 3 адад шартнома бинобар иҷро накардани шартҳои шартнома, яъне мӯҳлати тӯлонӣ напардохтани маблағи иҷорапуи бекор карда шудаанд.

Дар баробари ин, таҳлил нишон дод, ки ҳолати 26 декабри соли 2017 аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ ба буҷети давлат дар маҷмӯъ 6 966 078 сомонӣ интиқол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба нишондоди солонаи соли 2016– 306 637 сомонӣ камтар гардидааст.

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ иттилоъ меиҳад, ки иҷрои шартномаҳои хариду фурӯш ва шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ таҳти назорати қатъӣ гирифта шуда, маблағҳои аз ҳисоби фурӯши моликияти давлатӣ ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ бо назардошти маблағҳои амволи дар соли гузашта фурӯхташуда дар ҳаҷми 19 452 083 сомонӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба Хазинадории марказии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда (17 920 075) 1 093 641 сомонӣ зиёдтар мебошад.

Бо мақсади такмили қонунгузории самти ба иҷора супоридани амволи давлатӣ КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар асоси таҷриба ва дархосту эродҳои мавҷудаи ҷараёни мазкур ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар раванди ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ ба миёномада, тағйироту иловаҳоро барои ворид намудани ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 "Дар бораи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ" тибқи нақшаи кории Корхона барои нимсолаи аввали соли 2017 таҳия карда, ба Кумита моҳи майи соли 2017 ҷиҳати баррасӣ ирсол намуда буд.

Дар маҷмӯъ тағйиротҳои мазкур бо мақсади бартараф намудани монеагиҳои сунъии аз тарафи масъулини Дорандагони баланс ташкилшаванда нисбати Иҷорагирон ва дар ин замина расман муқаррар намудани баъзе аз муносибат ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои Дорандаи баланс ва Иҷорагир баҳри бартараф намудани амалиётҳои кашолкории иҷрои талаботҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 "Дар бораи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ" ва шартномаи иҷораи амволи давлатӣ, тартибу шартҳои воқеии тамдиди амали шартномаи иҷора ва қабулу супоридани объекти иҷора, инчунин баҳри таъмини кафолати пардохти маблағҳои иҷора аз тарафи иҷорагир ва пурзӯр намудани воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби иҷора, тартиб дода шудаанд. Дар ин бобат, Тавзеҳоти мухтассар оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори номбурда ва шартномаи мавҷудаи иҷораи амволи давлатӣ, инчунин лоиҳаи шартномаи иҷораи амволи давлатӣ бо тағйиротҳои воридшуда низ таҳия ва ба Кумита ирсол шуда буд.

Дар 9 моҳи соли 2017 Оид ба баргузории музоядаҳо дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқи талаботҳои Низомномаи «Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо» 59 – ахбори пурраи иттилоотӣ чоп карда шуда, бо мақсади ҷалби бештари иштирокчиён ба музоядаҳо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ эълону маълумотҳои пурра оид ба баргузории музоядаҳои фурӯши амволҳои давлатӣ бо дарҷи аксу маълумотҳои техникии иншоотҳо мунтазам инъикос мегарданд.

Вобаста ба иҷрои банди 47 Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи аввали соли 2017 ва банди 11 Нақшаи кории Кумита барои семоҳаи сеюми соли 2017 Корхона бо мақсади таъмини шаффофияти бештари ҷараёни фурӯш ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ки худ аз татбиқгардонии сиёсати давлатӣ дар самти хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ бармеояд, Портали амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар суроғаи электронии www.molikiyat.tj созмон дод, ки санаи 17 августи соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Кумита Портали мазкур ба ҳайати кормандони Кумита муаррифӣ гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби Корхона видео – ролики тарғиботӣ оид ба мақсаду моҳияти Портал ва барои ҷалби харидорони эҳтимолӣ ба музояда ва озмунҳо таҳия шуд, ки аз 1 ноябри соли ҷорӣ дар телевизиони "Шабакаи якум" пахш шуда истодааст. Дар баробари ин, аз 1 ноябр сатри равони тарғиботӣ низ оид ба баргузории музоядаҳову озмунҳо дар телевезион пахш мегардад.

Дар баробари ин санаи 12 декабри соли 2017 бо роҳбарии муовини Раиси Кумита муҳтарам А. Наҷмиддинзода ҷаласаи машаваратӣ бо масъулони коргузори Портал, инчунин намояндагони раёсату шӯъбаҳои минтақавии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он, ммоҳияту мақсади Портал, зарурату имконот ва тартиби ворид намудани эълонҳои фурӯш ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ ҳам ҷумҳуриявӣ ва ҳам коммуналӣ мавриди арраси ва мусоҳиба қарор дода шуд. Тибқи қарори протоколи ҷаласаи мазкур ба ҳолати имрӯза мутахассиони Корхона санаи 14 декабр дар Ҳукумати шаҳри Душанбе ва санаи 15 декабр дар ш. Қурғонтеппа ва 26 декабр дар шаҳри Хуҷанд презентатсия Портал ва тартиби коргузорӣ бо онро ба масъулуин минтақавӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд намояндагони идораи амволи кулли шаҳру ноҳияҳои тобеи ин вилоятҳо баргузор намуданд.

Корхона баҳри иҷрои бандҳои дахлдори қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 24 октябри соли 2017 №21 оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар 9 моҳи соли 2017 чораҳои зарурӣ андешида, маълумотномаи дахлдор аз 11 декабри соли 2017 №1-2/262 ба суроғаи Кумита ирсол карда шуд.

Дар масъалаи андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020" баҳри иҷрои бандҳои 1 ва 7-и Нақшаи чорабиниҳои Корхона санаи 30 марти соли 2017 баҳри баррасии ҷараёни татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия аз ҷониби Корхона ва бахшҳои минтақавии он, баланд намудани сатҳу сифати фаъолияти касбӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои характери коррупсионидошта дар ҷараёни амалӣ намудани вазифаҳои базиммадошта, бо иштироки роҳбарон ва муҳосибони бахшҳои Корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент Курғонтеппа ва кормандони дастгоҳи марказии Корхона санаи 24 ҷаласаи машваратӣ баргузор карда шуд. Зимни ҷаласа масъалаи аз тарафи дастгоҳи мараказии Корхона ва бевосита бахшҳои минтақавии он иҷро шудани талаботҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи мазкур мавриди таҳлил қарор гирифта шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор оид ба пурзур намудани талошу амалиётҳо дар ин самт дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони Корхона тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита аз 28 июли соли 2017 доир ба баромади масъулини сохторҳои Кумита дар воситаҳои ахбори омма ва тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи амволи давлатӣ, дар барномаи "Ҷаҳони иқтисод"- шабакаи телевизионии Тоҷикистон дар мавзӯи "Сатҳи баругзории музоядаҳо ва таъминоти ошкорбаёнӣ ва шаффофияти онҳо" иштирок варзиданд, ки барномаи мазкур санаи 25 ноябр дар телевизиони "Тоҷикистон" пахш гардида буд.