Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳайати мушовараи Кумита ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита дар самти амалигардонии вазифаҳои базиммадошта оид ба таъмини суратбахшии ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатӣ, тавассути ташкилу баргузории музоядаҳо ва озмунҳои шаффофу ошкорбаёна бо мақсади фурӯш ва ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ дар соли 2024 маълумоти мазкурро эҳтиромона манзур менамояд.
Дар соли 2024 ба КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади фурӯши моликияти давлатӣ дар маҷмӯъ 27 адад қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина 65 музояда, аз ҷумла, 6 музоядаи иншоотҳои ғайриманқул, 40 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт, 4 музоядаи фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин 15 музояда оид ба фурӯши амволҳои ҳабсгардида баргузор намуд.
Инчунин дар соли 2024-ум 17 адад иншоотҳои ғайриманқул фурухта шуд, ки маблағи онҳо пурра пардохт гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ тариқи музоядаҳо 433 адад воситаҳои нақлиёт ба савдои музоядавӣ пешниҳод гардида, дар натиҷаи савдоҳо 190 адад воситаҳои нақлиёт фурӯхта шуд, ки дар натиҷаи рақобат 22,7 %-ро ташкил медиҳад.
Дар мавриди фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи аз эътибор соқит намудаи воситаҳои асосии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, иттилоъ медиҳем, ки дар давраи ҳисоботии соли 2024 дар маҷмӯъ 420,358 тонна пораву партовҳои металлҳои сиёҳ, чуян ва ранга фурӯхта шуд.
Аз ҷумла:
|
Пораву партовҳои металҳои: |
Сиёҳ |
Чуян |
Ранга |
|
Миқдор (бо тонна) |
204,938 |
204,427 |
10,993 |
Дар давраи ҳисоботӣ КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 15 музояда оид ба ташкили фурӯши амволҳои ҳабсгардида барои ба савдои музоядавӣ баровардани таҷҳизотҳо ва амволҳои ҷудогона баргузор намуд, ки дар натиҷаи савдоҳо 53 адад амволҳои ҳабсгардида ва дигар амволҳои мусодирагардида фурӯхта шуд.
Фуруш ва ба иҷора супордани амволҳои ҶСК “Агроинвестбонк”
ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”
|
Номгуй |
Тариқи музояда |
Тариқи шартнома (бе музояда) |
|
ҶСК “Агроинвестбонк” |
6 адад |
4 адад |
|
ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” |
--- |
2 адад |
|
ҶСК “Фононбонк” |
5 адад |
1 адад |
|
Ҳамагӣ: |
11 |
7 |
|
Иҷораи амвол |
|
|
|
ҶСК “Агроинвестбонк” |
20 адад |
--- |
|
ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” |
13 адад |
--- |
|
ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” |
|
|
|
ҶСК “Фононбонк” |
3 адад |
--- |
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2024 дар асоси супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани амволи давлатӣ 14 озмун барпо намуд, ки тавасути он 506 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шудааст.
Дар маҷмуъ, ба ҳолати 01.01.2025 сол 892 адад шартнома дар масоҳати 194396,11 м.м. мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 641 адад шартномаҳо дар масоҳати 122406 м.м., тавассути бахши Хатлонии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 47 адад шартномаҳо дар масоҳати 2825,6 м.м., тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 165 адад шартномаҳо дар масоҳати 58 342,73 м.м. ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ 39 адад шартномаҳо дар масоҳати 10821,78 м.м. баста шудааст, ки аз ин 37 адад шартномаи онҳо муҳлати амалаш ба итмом расидааст, ки то ҳол дар асоси мактуби Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ мавриди амал қарор доранд.
Баҳри иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №10-Ф аз 27 феврали соли 2020 оид ба иҷора супоридани масоҳатҳои МД “Маркази ҷумҳурявии хизматрасониҳои фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ”-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ озмунҳо баргузор гардида дар солҳои 2021 – 2024 дар натиҷа 99 шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки ин маблағи иҷорапулӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.
Ҳамзамон баҳри иҷрои банди 2-и фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №11-Ф аз 27 феврали соли 2021 оид ба иҷора супоридани масоҳатҳои ҶСК “Фононбонк”, ки ба тавозуни Бинои маъмурии бонк аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди супориши озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ аз соли 2022 – 2024 озмун баргузор гардид, ки дар натиҷа 3 шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ баста шуда мавриди амал қарор доранд, ки ин маблағи иҷорапулӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.
Инчунин дар асоси мактуби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2021 таҳти №3-3в/346 вобаста ба масъалаи ба расмият даровардани шартномаҳои иҷораи амалкунандаи молу мулки ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Шуъбаи ба иҷора супоридани амволи давлатӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2024 дар натиҷа 31 адад шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ аз ҳисоби биноҳои собиқ ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки аз ҷумла ҶСК “Агроинвестбонк” 18 адад шартнома, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 13 адад шартнома (1 адад шартнома тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ) мавриди амал қарор доранд.
Дар давраи ҳисоботи оид ба баргузории музоядаҳо ва озмуни иҷораи амволи давлатӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқи талаботҳои Низомномаи «Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо» зиёда аз 65 – ахбори пурраи иттилоотӣ чоп карда шуда, бо мақсади ҷалби бештари иштирокчиён ба музоядаҳо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ эълону маълумотҳои пурра оид ба баргузории музоядаҳои фурӯши амволҳои давлатӣ бо дарҷи аксу маълумотҳои техникии иншоотҳо мунтазам инъикос мегарданд.
Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї вобаста ба иљрои ќарорњои Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, њайати мушовараи Кумита ва дастуру супоришњои роњбарияти Кумита дар самти амалигардонии вазифањои базиммадошта оид ба таъмини суратбахшии љараёни хусусигардонї ва истифодабарии самараноки моликияти давлатї, тавассути ташкилу баргузории музоядањо ва озмунњои шаффофу ошкорбаёна бо маќсади фурўш ва ба иљора супоридани моликияти давлатї дар соли 2022 маълумоти мазкурро эњтиромона манзур менамояд.
Дар соли 2022 ба КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї бо маќсади фурўши моликияти давлатї дар маљмўъ 31 адад ќарорњои њайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон ворид гардида, дар ин замина 49 музояда, аз љумла, 3 музоядаи иншоотҳои ғайриманқул, 24 музояда оид ба фурўши воситањои наќлиёт, 11 музоядаи фуруши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин 10 музояда оид ба фурўши амволҳои ҳабсгардида баргузор карда шуд.
Дар соли 2022 сол 4 адад иншоотҳои ғайриманқул фурухта шуд.
Дар давраи њисоботї тариќи музоядањо 422 адад воситањои наќлиётї ба савдо гузошта шуда, дар натиљаи савдоњо 139 адад воситаҳои наќлиёт фурўхта шуд.
Дар мавриди фурўши пораву партовњои металлњои сиёњ ва рангаи аз эътибор соќит намудаи воситањои асосии корхонаю ташкилотњои давлатї, иттилоъ медиҳем, ки дар давраи ҳисоботии соли 2022 дар маљмўъ 3294,794 тонна пораву партовњои металлњои сиёњ, чуян ва ранга ба фурўхта шуд. Аз ҷумла: 3230,247 тонна пораву партовњои металлњои сиёњ, 50,441 тонна пораву партовњои металлњои чуян ва 14,106 тонна пораву партовњои металлњои ранга.
Дар давраи њисоботї КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 10 музояда оид ба ташкили фурўши амволњои њабсгардида барои ба савдои музоядавї баровардани таљњизотњо ва амволҳои људогона баргузор намуд, ки дар натиљаи савдоњо 65 адад амволњои њабсгардида ва дигар амволи мусодирагардида фурўхта шуд.
Бањри иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиќи Тартиби ба иљора супоридани амволи давлатї» ва ќарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2012 №3 Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї дар соли 2022 дар асоси супоришњои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї љињати ба иљора супоридани амволи давлатї 14 озмун барпо намуд, ки тавасути он 430 адад иншооти давлатї ба иљора супорида шудааст.
Баҳри иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №10-Ф аз 27 феврали соли 2020 оид ба иҷора супоридани масоҳатҳои МД “Маркази ҷумҳурявии хизматрасониҳои фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ”-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ озмунҳо баргузор гардида дар солҳои 2020-2021-2022 дар натиҷа 78 шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки маблаѓҳоии иљорапулї ба суратњисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.
Инчунин дар асоси мактуби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2021 таҳти №3-3в/346 вобаста ба масъалаи ба расмият даровардани шартномаҳои иҷораи амалкунандаи молу мулки ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Шуъбаи ба иҷора супоридани амволи давлатӣ ба ҳолати 20 декабри соли 2022 дар натиҷа бо 35 иҷорагирони қабли шартномаи иҷораи амволи давлатӣ аз ҳисоби биноҳои собиқ ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мавриди амал қарор дорад.
Дар ин ҷода, дар соли 2022 КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатї тибќи тартиби муќарраргардида ба Хазинадории марказии назди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон маблаѓњои аз њисоби фурўши моликияти давлатї ва ба иљора супоридани амволи давлатї ва аз ҳисоби фуруши амволҳои бонк бо назардошти маблаѓњои амволи дар соли гузашта фурўхташуда, интиќол намуд.
Дар давраи ҳисоботи оид ба баргузории музоядањо ва озмуни иҷораи амволи давлатӣ дар рўзномањои љумњуриявї мувофиќи талаботњои Низомномаи «Тартиби фурўши объектњои моликияти давлатї дар музоядањо» 85 – ахбори пурраи иттилоотї чоп карда шуда, бо маќсади љалби бештари иштирокчиён ба музоядањо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї эълону маълумотњои пурра оид ба баргузории музоядањои фурўши амволњои давлатї бо дарљи аксу маълумотњои техникии иншоотњо мунтазам инъикос мегарданд.
