Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

no

Пеш аз ҳама, бояд тазакккур дод, ки хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки ҷузъи асосии ислоҳоти иқтисодӣ мебошад, дарахти пурмаҳсули истиқлолият ба шумор рафта, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардида, татбиқ шуда истодааст. Зеро, ҳадафҳои асосии хусусигардонии моликияти давлатӣ – ин беҳтар намудани муносибат ба амвол, афзун намудани самаранокии истифодаи он, ҷалби бештари сармоягузорӣ ба корхонаҳо, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, баланд намудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли 1997 қабул гардидааст, принсипҳои асосии амалӣ намудани раванди хусусигардонӣ - қонунӣ будан; ошкор будан; баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ҳиссаи амволе, ки бояд хусусӣ гардонида шавад; рақобат; ворисияти ҳуқуқӣ ва масъулияти байниҳамдигарии тарафҳоро муайян намуда, шаклҳои мушаххаси хусусигардонии моликияти давлатӣ - тавассути музоядаю тендер ба савдо гузошта фурӯхтан ва аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ дар асоси озмунро муқаррар кардааст.
Вобаста ба ин, ҷиҳати таъмини присипҳои асосии хусусигардонии моликияти давлатӣ дар раванди ташкил ва гузаронидани музоядаю озмунҳо дар соли 1996 Биржаи мулку моликияти Тоҷикистон ва дар соли 2003 дар заминаи биржаи мазкур Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ таъсис дода шуданд.
Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаффофият дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ, бахусус ташкил ва гузаронидани музоядаю озмунҳо дар солҳои охир як силсила чорабиниҳои мақсадноку муфид амалӣ карда шудаанд.
Барои таъмини иштироки васеи хоҳишмандон ва шаффофият дар раванди ташкил ва гузаронидани музоядаю озмунҳо бо истифода аз техникаю технологияи иттилоотии муосир имкониятҳо боз ҳам васеътар гардонида шуданд. Дар ин раванд омода гардидани сомонаи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ натиҷаи ташаббуси саривақтӣ ва ниҳоят муфид буда, ҷиҳати таъмини шаффофияти хусусигардонии амволи давлатӣ шароитҳои навро муҳайё менамояд.
Сомонаи мазкур баҳри ҷалби бештари сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва соҳибкорон ба хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави пешниҳоди маълумот дар бораи фурӯши амволи давлатӣ, сарфаи харҷҳои изофагӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани ҷараёни хусусигардонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Аз сомонаи мазкур ҳавасмандон метавонанд ҳамаи маълумоти лозимаро оид ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хусусигардонӣ ва идоракунии амволи давлатӣ, тартиби фурӯш ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ дар музоядаҳо, тендерҳо ва озмунҳо, хабарҳои иттилоотӣ оид ба фурӯши моликияти давлатӣ ва дигар маводҳои заруриро вобаста ба хусусигардонӣ дастрас намоянд.
Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи иштирокчиёни равандҳои ислоҳоту хусусигардонии амволро ба ҳамкории фаъол даъват менамоям ва ба соҳибкорону сармоягузорон дар хариду истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии хусусигардонидашудаи кишвар бурдбориҳо орзу менамоям.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур 

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ

ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон