Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон « 28 » августи соли 2026 музоядаи № 27-ро оид ба фурӯши амволҳои мусодирагардидаро барпо менамояд.
|
№ р/т |
Номгуи амволи мусодирашуда |
Воҳиди ченак |
Миқдор |
Нархи ибтидоӣ |
|
1
|
Маҳсулоти тамокуи навъи “Милано” ва “Монд” |
қуттича |
99 500 |
258700 |
|
2
|
Маҳсулоти тамокуи навъи “Милано” ва “Монд” |
қуттича |
99 500 |
258700 |
|
3
|
Маҳсулоти тамокуи навъи “Милано” ва “Монд” |
қуттича |
99 500 |
258700 |
|
4
|
Либоси кӯдакона истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекистон, ҷинси мардона, костюми занона, юбкаи занона, курта занона |
адад |
2376 |
37578 |
|
5
|
Маҳсулоти тамокуи навъи “ESSE Change” ва “Milano” |
қуттича |
90 |
510 |
|
6
|
Қаиқи резинӣ, тури моҳигирӣ (150 метр) (истифодашуда) |
адад |
2 |
1280 |
|
7
|
Соатҳои дастии мардона ва занона бо тамғаҳои "ОРИОН", "MSTIANQ", "OMEGA”, SVESTON, соати кисагӣ ва соати занонаи "FOCE" (истифодашуда) |
адад |
6 |
1260 |
|
8
|
Дастгоҳи тамғаи "IN THE INDUCTION MELTING FURNACE”, Дастгоҳи тамғаи "MOLTEN GOLD MACHINE", Дастгоҳи санҷиши пробаи металли қимматбаҳои тилло тамтаи "THERMO" бо таҷҳизотҳои ёрирасони он ва ҷувздон (истифодашуда) |
адад |
4 |
14450 |
|
9
|
Телефони мобилии тамғаи "Самсунг А-12” "Самсунг”, "VIVO", "infinix hot 20i", "Samsung Galaxy j3", "Samsung Galaxy A05s", "Redmi 5", "Redmi note 9", "Росо 5G", "Itell vision 3", "Samsung Galaxy АЗ", "Самсунг” ва "Айфон" (истифодашуда) |
адад |
15 |
4235 |
|
10
|
Нотбуки тамғаи "Ленова", Протсессор (истифодашуда) |
адад |
2 |
1450 |
|
11
|
Макарони навьи "Спогеттӣ" ва Писта 1кг, Мағзи писта 1кг, Бодом 0,500кг |
кг |
1922,5 |
10840 |
Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40 ошёнаи 8-ум, оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.
Ҷои баргузоршавии музояда – шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40, тел: 221-49-87, 221-73-74
Фурӯш бо усули Англисӣ сурат мегирад
Музояда соати 10.00 барпо мегардад.
Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад. Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод менамояд.
Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фаҳмидан мумкин аст: шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40, тел: 221-49-87, 221-73-74. инчунин дар сомонаи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст.
