Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо

 

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2004 № 98

тасдиқ шудааст


Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо
арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577)

             Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шуда, тартиб, қоидаҳо ва шартҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатӣумҳуриявӣ ва коммунали)-ро дар музояда муқаррар мекунад арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577).

 1. Истилоҳоти истифодашаванда

1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян шудааст, истилоҳоти дар поён овардашуда, агар матн мазмуни дигарро талаб накунад, маънои зайлро ифода мекунанд:

- тарзи англисии савдо (музоядаи англисӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот назар ба нархи ибтидоӣ бо қадами эълоншудаи пешакӣ то лаҳзаи мондани як нафар иштирокчии нархи аз ҳама баландро пешниҳоднамуда баланд карда мешавад;

- музояда - намуди фурӯши объектҳои хусусигардонӣ, ки аз харидор иҷрои ягон шартро нисбати объекти харидашаванда баъди хусусигардонии он талаб намекунад;

- музоядачӣ - шахси воқеӣ, ки аз тарафи фурӯшанда ё ташкилотчӣ барои гузаронидани музоядаи фурӯши объектҳо таъин ё киро карда мешавад;

- супориши музоядавӣ - қарори фурӯшанда дар бораи гузоштани объектҳо дар музояда;

- номгӯи музоядавӣ - номгӯи лотҳои дар хабари иттилоотӣ нишон додашуда, ки ба музояда гузошта мешаванд;

- комиссияи музоядавӣ - комиссияи аз тарафи фурӯшанда таъсисёфта, ки ба назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда ваколатдор аст;

- рӯзи бонкӣ - рӯзи кории расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тарзи ҳолландии савдо (музоядаи ҳолландӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот нисбат ба нархи ибтидоии лот бо қадами эълоншуда то лаҳзаи рақами музоядавии худро якумин шуда бардоштани яке аз иштирокчиён паст карда мешавад;

- пардохти кафолатӣ - таъмин намудани ҷиддияти нияти иштирок дар музояда ва дар ҳолати ғолиб баромадан имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда ва бастани шартномаи хариду фурӯш аз тарафи иштироккунанда;

- тахтаи эълонҳо -лавҳаи дар ҷои барои ҷамъият дастрас гузошташуда, ки дар он фурӯшанда бояд иттилооти ба фурӯши объекти ба савдо гузошташуда тааллуқдоштаро ҷой диҳад:

- аризадиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ва воқеии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки барои иштирок дар музояда хоҳиш дорад ва пардохти кафолатиро додааст;

- дархост - ҳуҷҷати намуди муқарраршуда, ки дар он иштироккунанда риоя намудани ҳамаи талаботи Низомномаи мазкурро изҳор мекунад;

- музоядаи пӯшида - намуди музоядаи англисӣ, ки ҳангоми он иштироккунандагон пешниҳодҳои нархиро дар лифофаҳои сарпӯшида манзур мекунанд;

- хабари иттилоотӣ - пешниҳоди расмии оммавии фурӯшанда барои гузаронидани музояда, ки дар васоити электронӣ ва даврии ахбори умум интишор ёфтааст;

- лот - объекте, ки ба музояда гузошта мешавад. Дар ҳолати фурӯши саҳмияҳо, теъдоди воқеии саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии мушаххаси ба музояда гузошташаванда лот ҳисоб меёбад;

- нархи ибтидоии лот - нархе, ки бо он музоядаи ҳар як лот шурӯъ мешавад;

- нархи фурӯш - нархи охирини фурӯши лот, ки дар ҷараёни гузаронидани музояда ҳосил шудааст;

- нархи ҳадди ақали лот - он нархе, ки объекти дар музоядаи ҳіолландӣ гузошташуда аз он пасттар фурӯхта намешавад;

- резидент (резидентӣ) - шахси воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои доимии иқоматдошта, аз ҷумла оне, ки муваққатан берун аз ҳудуди он қарор дорад, инчунин шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта ва аз қайд гузашта;

- ғайрирезидент (ғайрирезидентӣ) - шахси воқеии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои иқомати доимӣ дошта (аз ҷумла онҳое ки мувақатан дар Тоҷикистон қарор доранд); шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсисёфта ва амалкунандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ҳамчунин намояндагии хориҷии дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагии расмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо;

- объект - объекти хусусигардонӣ, саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқии дар заминаи қисматҳо ва воҳидҳои сохтории аз таркиби ҷамъиятҳои саҳомӣ ҷудо шуда аз нав таъсисёфта; қисматҳои истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолӣ ва воҳидҳои сохторӣ ҳамчун маҷмӯи амволӣ; амволи ҷудогонаи корхонаҳои давлатӣ;

- ташкилотчӣ - фурӯшанда, корхонаҳои воҳид ё давлатие, ки аз тарафи фурӯшанда таъсис ёфтааст, ё шахси ҳуқуқии дигари аз тарафи фурӯшанда интихобшуда, аз ҷумла дар асоси озмун, ки ваколати ташкил ва гузаронидани музоядаро доранд;

- нархи баҳодиҳӣ - нархи объекте, ки мутобиқи Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387 тасдиқ гардидааст, ба ҳисоб гирифта шудааст арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);

- ҳуҷҷати пардохтӣ - ҳуҷҷате, ки пардохтро тасдиқ менамояд (супориши пардохтӣ, ордери мемориалӣ, забонхати расмӣ).

- ғолиб - иштироккунандае, ки нархи аз ҳама баландро барои лот дар музоядаи англисӣ пешниҳод намудааст ё аввалин шуда рақами музоядавиаш (байрақча)-ро дар музоядаи ҳолландӣ бардоштааст.

- харидор - ғолибе, ки бо фурӯшанда шартномаи хариду фурӯшро бастааст;

- низомнома - Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо;

- фурӯшанда - мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва аз тарафи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои амалӣ сохтани фурӯши объектҳои моликияти ба онҳо дахлдор дар музоядаҳо ваколатдор кардашуда;

- нақшаҳо, барномаҳо-нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тасдиқ гардидаанд арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);

- савдо - ҷараёни фурӯши объект дар музоядаҳои англисӣ ва ҳолландӣ;

- иштироккунанда - шахси воқеии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки бо услуби муқарраршуда барои иштирок дар музояда аз қайд гузаштааст.

II. Муқаррароти умумӣ

2. Ҳангоми фурӯши объектҳо дар музоядаҳо қоидаҳои умумии зерин истифода бурда мешаванд:

- нархи ибтидоии объекти фуруши, ки ба музоядаи тарзи англисии савдо гузошта шуда, мутобиқи Тартиби муайян намудани арзиши объектіои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387 тасдиѕ гардидааст, тибѕи ѕонунгузории ӣорҳ муайян карда мешавад арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577).

3. Ҳангоми фурӯши объект бо тарзи ҳолландии савдо:

- нархи ибтидоӣ бо роҳи зарб задани нарх, ки мутобиқи сархати якуми банди 2 муайян шудааст, бо коэффитсиенти баландкунанда муқаррар карда мешавад. Коэффитсиент аз тарафи фурӯшанда муқаррар мегардад, ки бояд на камтар аз панҷ бошад.

- нархи ҳадди ақал ба андозаи пардохти кафолатӣ муқаррар карда мешавад.

4. Музояда дар сурати иштироки на камтар аз ду нафар гузаронида мешавад.

5. Ба натиҷаҳои музояда дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гузаронида шудани он бо тартиби муайяннамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз овардан мумкин аст.

6. Музоядаеро, ки бо вайрон кардани коидаҳои дар ин Низомнома муқарраршуда гузаронида шудааст, суд метавонад бо даъвои шахси манфиатдор, бекор кунад. Эътирофи бекор кардани савдо боиси бекор шудани шартномаи бо ғолиб басташуда мегардад.

7. Ҳар шахси хоҳишманд - метавонад нусхаи электронии ин Низомномаро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба таври ройгон аз сомонаҳои интернетии расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ, инчунин нусхаи чопии онро аз фурӯшанда бо нархи аслии чопи мошинӣ аз ҷое, ки дар тахтаи эълонҳо нишон дода шудааст, дастрас намояд арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

8. Ҳангоми фурӯши объектҳои ба нақшаҳо ва барномаҳо дохилшуда, ҳамчунин фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис дар музояда қоидаҳои зерини фурӯш ба кор бурда мешавад:

- саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат вуҷуд дорад, дар музоядаи тарзи савдои англисӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешаванд;

- саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 10 фоиз кам мебошад ва дар музоядаи тарзи савдои англисӣ ба фурӯш нарафтааст, метавонанд ба музоядаи тарзи савдои ҳолландӣ ба фурӯш бароварда шавад арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

III. Вазифаҳои фурӯшанда

 9. Вазифаҳо оид ба ташкил ва гузаронидани музоядаҳо:

- тақсими объектҳо ба музоядаҳои ҷудогона;

- муқаррар намудани сана ва ҷои гузаронидани музояда, ҳамзамон музоядаҳои ба фурӯши объекти моликияти ҷумҳуриявӣ, ки дар нақшаҳо ва барномаҳо зикр шудаанд, танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577;

- риояи шартҳои зерин нисбати саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:

дар музоядаи англисӣ саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии алоҳида бо як ё якчанд теъдоди лотҳо ҳангоми яклухт (пурра) будани теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот гузошта мешаванд;

дар музоядаи ҳолландӣ маҷмӯи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ дар як лот гузошта мешавад.

 

10. Вазифаҳои дигар:

- муайян намудани нархи ибтидоии лот;

- таҳияи супориши музоядавӣ;

- додани рақами музоядавӣ;

- тайёр кардани хабари иттилоотӣ;

- нашри хабари иттилоотӣ;

- нашри дигар иттилоот, рекламаи объектҳо ва қоидаҳои гузаронидани музоядавӣ;

- таҳияи корти музоядавӣ;

- тартиб додани комиссияҳои музоядавӣ;

- ташкили шиносоӣ бо объектҳои ба музояда гузошташаванда мувофиқи хоҳиши ҳар як шахс;

- мутобиқи талаботи ин низомнома нав кардани иттилоот дар тахтаи эълонҳо;

- дар ҳолатҳои дар ин низомнома пешбинишуда пас гирифтани объектҳо аз музояда;

- бурдани назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳо аз тарафи ташкилотчӣ;

- бастани шартномаҳои хариду фурӯш бо ғолибони музоядаҳо ва назорати иҷрои онҳо;

- амалӣ кардани ҳисобиҳо бо иштироккунандагон ва харидорон;

- амалӣ кардани ҳисобиҳо бо ташкилотчӣ;

- бурдани ҳисоби қайди музоядаҳо.

 

11. Фурӯшанда ҳуқуқ дорад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми банди 10 нишон додашударо ба ваколати ташкилотчӣ вогузор кунад.

 

12. Ташкилотчӣ ҳуқуқи супоридани ваколатҳои ба ӯ вогузоршударо ба каси дигар надорад.

 

13. Фурӯшанда метавонад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум ва шашуми банди 10 омадаро ба мутахассисҳои соҳаи маркетинг, реклама ва алоқа бо ҷомеа вогузор кунад.

14. Муносибатҳои байни фурӯшанда ва ташкилотчӣ дар ташкил ва гузаронидани як ё зиёда музоядаҳо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ташкилотчӣ муассисаи давлатии бо ин мақсад таъсисдодаи фурӯшанда бошад, бо шартнома танзим мегардад. Дар чунин ҳолат муносибатҳои байни фурӯшанда ва ташкилотчиро оиннома муайян мекунад.

15. Супориши музоядавӣ бояд аз инҳо иборат бошад:

- номгӯи объектҳое, ки ба музояда гузошта мешаванд;

- суроғаи объектҳо ва намуди асосии фаъолияти онҳо;

- тарзи гузаронидани савдо;

- мӯҳлатҳои ниҳоии гузаронидани музояда ва рақами бақайдгирии музояда;

- андозаи лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ), миқдори лотҳо, теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот, нархи ибтидоии лот ҳангоми музоядаҳои англисӣ ва ҳлландӣ дар ҳар кадом ҷамъияти саҳомӣ;

- ҷойи баргузории музояда (шаҳр ё ноҳия)

арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).


IV. Тартиби тайёрӣ барои гузаронидани музояда

16. Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби гузаронидани муояда ҳангоми фурӯши корхонаи давлатӣ:

- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ; корхонаи давлатӣ;

- нусхаи баланси ҳисобдорӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурӯш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;

- санади нархгузории объект.

17. Ҳангоми фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:

- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти саҳомӣ;

- нусхаҳои эломи эмиссияи саҳмияҳо ва шаҳодатномаи қаёди эмиссия дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаҳои баланси ҳисобдории ҷямъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурӯш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;

- санади нархгузории объект.

 

18. Ҳангоми фурӯши амволи корхонаи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ ҳуҷҷатҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 391 "Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ" пешниҳод мешавад арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

 

19. Ҳангоми ташаккули комиссияи музоядавӣ:

- таҳия намудани лотҳо;

- тартиб додани супориши музоядавӣ;

- муқаррар намудани мӯҳлат ва ҷои гузаронидани музояда;

- муайян намудани нархҳои ибтидоии лотҳо;

- муайян кардани тартиби супоридани пардохти кафолатӣ;

- дар васоити ахбори умум ба чоп расонидани хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музоядаҳо ва гузаронидани фаъолияти дигари ташвиқотӣ;

- тартиб додани корти музоядавӣ;

- шиносоӣ бо объектҳо бо хоҳиши иштирокчиёни эҳтимолии музоядаҳо, ки фурӯшанда ташкил кардааст;

- бақайдгирии иштирокчиён арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).\

 

V. Ташкилшавӣ ва салоҳияти комиссияи музоядавӣ

20. Барои амалӣ кардани назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда оид ба фурӯши объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ фурӯшанда комиссияро дар ҳайати 7 нафар таъсис медиҳад:

 

- ба комиссия намояндагони фурӯшанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);

 

- ба комиссия намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи на пасттар аз муовини Раиси Кумита, роҳбарӣ мекунад (раиси комиссия) арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);

 

- муовини раиси комиссия аз ҳисоби аъзон комиссия дар ҷаласаи комиссия интихоб карда мешавад;

- котиби комиссия намояндаи

- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,мебошад (яке аз аъзоёни комиссияи музоядавӣ) арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);

- фурӯшанда бояд ҳар сол на камтар аз 30 % аъзоёни комиссияро иваз намояд арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

21. Мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили фурӯши моликияти ҷумҳуриявӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, метавонад комиссияҳои назорати рафти ташкил ва гузаронидани музоядаҳои фурӯши объектҳои моликияти ҷумҳуриявиро дар ҳайати на кам аз 5 нафар аз ҳисоби намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти адлия, иқтисод, молия ва андоз ташкил намояд. Раиси комиссия дар сатҳи муовини раиси вилоят (шаҳр ё ноҳия) муайян карда мешавад арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

22. Барои амалӣ кардани рафти назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳои фурӯши объектҳои моликияти коммуналӣ фурӯшанда як ё якчанд комиссия ташкил мекунад. Ба ҳайати комиссия намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти минтақавии идоракунии амволи давлатӣ, мақомоти молия, иқтисод ва адлия шомил мешаванд. Ҳайати комиссия бо қарори раисони ВМБК, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

23. Қарорҳои комиссия бо овозҳои аксарияти аъзоҳои ҳузурдоштаи комиссия қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раиси комиссия ҳалкунанда мебошад.

24. Комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисоб мешавад, ки дар кори он на кам аз чор нафар аъзоён иштирок намоянд.

25. Ҳар як аъзои комиссия ҳуқуқи мулоҳизаи махсусро дорад, ки онро вай ба раиси комиссия ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд. Мулоҳизаи махсуси ҳар як аъзои комиссия дар протоколи комиссия музоядавӣ сабт мегардад.

VI. Хабари иттилоотӣ

26. Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда барои фурӯши саҳмияҳои давлатӣ, иншооти ғайриманқул, иншооти сохтмонашон нотамом як маротиба на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

- Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда барои фурӯши воситаҳои асосии манқули давлатӣ (воситаҳои нақлиётӣ ва механизмҳо,-таҷҳизоту воситаҳои компютерӣ, мебелу инвентар ва дигар воситаҳои манқул), амволи ҳабсгардида, ба фоидаи давлат мусодирагардида, пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга як маротиба на дертар аз 15 рӯзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ нашр мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурӯшанда ё ташкилотчии музояда ҷойгир карда мешавад арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

27. Хабари иттилоотӣ оид ба фурӯши саҳмияҳои давлатӣ, иншооти ғайриманқул, иншооти сохтмони нотамом бо забони давлатӣ ё забони русӣ дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурӯшанда ё ташкилотчии музояда ҷойгир карда мешавадарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

28. Дар бахши объектҳои моликияти коммуналӣ хабари иттиоолотӣ дар воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ, ки дар тамоми қаламрави ҳамин минтақа паін мешаванд, интишор карда мешавад.

29. Саҳифаҳои рӯзномаҳо бо хабари иттилоотии дар онҳо нашршуда на дертар аз як рӯзи баъди интишори онҳо дар тахтаи эълонҳо ҷой дода шуда, на барвақттар аз гузаштани як рӯзи баъди гузаронидани музояда аз тахтаи эълонҳо гирифта мешаванд.

30. Хабари иттилоотӣ бояд аз инҳо иборат бошад:

- ном, суроға, телефони фурӯшанда ва ташкилотчӣ;

- сана, ҷой, вақти гузаронидан ва рақами музояда;

- номгӯи, маҳалли ҷойгиршавии объект;

- фаъолияти асосии объект;

- ҳаҷми лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ) дар ҳар як ҷамъияти саҳомӣ;

- тарзи гузаронидани музояда;

- нархҳои ибтидоии лотҳое, ки ба фурӯш гузошта мешаванд;

- нархи пасттарини лотҳо дар музоядаи ҳолландӣ;

- ҳаҷми пардохти кафолатӣ ва тартиби супоридани он;

- хаҷми боҷи комиссионӣ;

- телефонҳо ва суроғаҳо, ки тавассути онҳо хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагӣ бигиранд;

- маълумоти дигар мувофиқи салоҳдиди фурӯшанда.

 

31. Фурӯшанда ба эътимоднок будани маълумотҳои дар ахбори иттилоотӣ интишоргардида ҷавобгӯ намебошад.

 

VII. Пардохти кафолатӣ

32. Пардохти кафолатӣ таъмини ӯҳдадориҳои зерини иштироккунанда мебошад:

- имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда дар сурати ғолиб эълон гардидани ӯ;

- бастани шартномаи хариду фурӯш мутобиқи протоколи натиҷаҳои музояда;

- пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва ҳуҷҷатҳо ҳангоми бақайдгирӣ ба сифати иштироккунандаи музояда.

 

33. Пардохти кафолатӣ барои иштирок дар музояда дар ҳаҷми зерин муқаррар карда мешавад:

 

- 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот дар музоядаи англисӣ ҳангоми фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ ва маҷмӯъҳои амволӣ арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);

                                                               

- 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот ҳангоми фурӯши мошинҳо, механизмҳо ва дигар воҳиди амвол дар музоядаи англисӣ арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);

 

- 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот ҳангоми фурӯши объектҳо дар музоядаи ҳолландӣ арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);

 

34. Пардохти кафолатиро ҳам бо асъори конвертатсияшаванда ва ҳам бо асъори пардохти он гузарондан мумкин аст.

 

35. Иштироккунанда ҳуқуқ дорад бо як ҳуҷҷати пардохти теъдоди номаҳдуди пардохтҳои кафолатиро супорад, ҳамзамон як пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда ҳуқуқи харидани як лотро медиҳад.

36. Пардохти кафолатӣ мумкин аст ба таври нақдӣ ё ғайринадӣ супорида шавад.

37. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври ғайринақдӣ аз рӯзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз шуда як рӯз пеш аз шурӯъи музояда қатъ мешавад.

38. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври нақд аз рӯзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз шуда як соат пеш аз шурӯъи музояда қатъ мешавад.

39. Пардохти кафолатӣ ба таври ғайринақдӣ, ҳамон вақт супорида ҳисоб мешавад, ки иштироккунанда ҳуҷҷати пардохтии тасдиқкунандаи супоридани пардохти кафолатиро ҳамроҳи худ дошта бошад.

40. Пардохти кафолатии харидор ҳамчун пардохтҳои мутобиқи шартномаи хариду фурӯш анҷомдодашаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.

41. Иштироккунандае, ки ғолиби музояда нашудааст, ҳуқуқ дорад ба тариқи хаттӣ аз баргардонидани пардохти кафолатӣ, бо мақсади истифодаи маблағи мазкур барои иштирок дар музоядаҳои минбаъда, даст кашад.

42. Пардохти кафолати дар ҳолатҳои зерин пас гардонида намешавад:

- даст кашидани ғолиб аз имзои протоколи натиҷаҳои музояда ё аз бастани шартномаи хариду фурӯш;

- иҷро накардан ё иҷрои нокифояи ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯш;

- ҳангоми пешниҳоди нархи ба андозаи аз ҳаҷми панҷкаратаи нархи ибтидоии объект камтар дар музоядаи пӯшида аз тарафи иштироккунанда;

- ҳангоми ошкор намудани номувофиқии иштироккунанда ба талаботе, ки ин Низомнома аз ӯ талаб менамояд.

43. Ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 41 ва 42 нишон додашуда, пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда дар муддати 5 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани музояда ё дар муддати 5 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаштани пардохти кафолатӣ ба суратҳисоби фурӯшанда дар ҳолате ки он баъди гузаронидани музояда дохил шудааст, баргардонида мешавад.

44. Дар ҳолате, агар пардохти кафолатии иштироккунанда аз андозаи пардохтҳои кафолатии лотҳо, ки дар онҳо вай ғолиб эълон шуда буд, зиёд бошад, ҳаҷми пардохти кафолатии аз талабшаванда зиёд ба ҳисоби пардохтҳои дар пешистода ҳангоми хариди лотҳо гузаронида мешавад, ё бо хоҳиши иштироккунанда бо асъоре, ки пардохти кафолатӣ супорида шуда буд, баргардонида мешавад.

VIII. Рекламаи музояда ва дастраскунии маълумот ҳангоми шиносоӣ бо объект

45. Рекламаи музоядаро метавонад худи фурӯшанда ё ташкилотчӣ бо мувофиқа бо фурӯшанда амалӣ намояд.

46. Реклама ба шакли озод ташкил шуда бояд ба ҷалби махсусан васеи иштироккунандагон нигаронида шавад.

47. Маьлумот дар реклама бояд саҳеҳ бошад ва ба иттилооти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда мухолифат накунад.

48. Дар ҳолати мухолифати маълумоти дар реклама буда ва хабари иттилоотӣ, маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда ҳамчун асос гирифта мешавад. Чунин мухолифат барои бекор кардани музояда ё гирифтани объект аз музояда асос шуда наметавонад.

49. Маълумоти муфассалтарро назар ба маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда, оид ба ҳолати молиявӣ ва техникии корхона, ҳангоми шиносоӣ бо объект аз маъмурияти корхона гирифтан мумкин аст.

50. Нусхаи баланси ҳисобдории ҷамъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботи пеш аз эълони фурӯш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст дар ихтиёри фурӯшанда мебошад ва ба ҳамаи хоҳишмандон пешниҳод карда мешавад.

51. Баъди нашри хабари иттилоотӣ фурӯшанда, ташкилотчӣ ва маъмурияти объект вазифадоранд, ки ба ҳамаи хоҳишмандон бе ягон шарт ва маҳдудкунӣ, дастрасӣ ба корхона ва маълумот дар бораи он, аз ҷумла дар ҳолати фурӯши саҳмияҳо нусхаи эъломи эмиссияро низ таъмин намоянд.

52. Дар ҳолати аз тарафи маъмурияти корхона пешниҳод нашудани маълумот, фурӯшанда метавонад ҷазои интизомиро нисбати роҳбари корхона истифода барад.

IX. Бекор кардани музояда ва гирифтани объект аз музояда

53. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои якум, дуюм, панҷум, ҳаштум ва нуҳуми банди 30-и ин Низомнома нишон додашуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ин бандҳо байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурӯшанда на дертар аз 3 рӯз то рӯзи баргузоршавии музояда ин музоядаро метавонад бекор намояд ва хабари бекоршавии онро дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ нашр шуда буд, интишор мекунад.

 

54. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои сеюм, шашум, ҳафтуми банди 30-и ин Низомнома зикршуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ни сархатҳо дар байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурӯшанда на дертар аз 3 рӯз то рӯзи баргузоршавии музояда метавонад объектро аз музояда пас гирад ва дар хусуси бозпас гирифтани объект дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ чоп шуда буд, маълумот нашр мекунад.

 

55. Дар ҳолатҳое, ки фурӯшанда музоядаро дар мӯҳлати аз 3 рӯз пештар то рӯзи баргузоршавии он бекор менамояд ӯ вазифадор аст зарари воқеиро барои иштирокчиёни музояда дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҷуброн намояд арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188).

56. Дар ҳамаи ҳолатҳои бекоркунии музояда ё бозпас гирифтани иншоот аз музояда фурӯшанда вазифадор аст хабарро дар ин бора дар тахтаи эьлонҳо дар рӯзи қабули чунин қарор ҷой диҳад.

X. Иштироккунандагони музояда

57. Барои иштирок дар музояда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки мувофиқи тартиби дар фасли XI ин Низомнома муайяншуда аз қайд гузаштаанд, роҳ дода мешаванд.

 

58. Инҳо иштирокчиёни музояда шуда наметавонанд:

- шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст;

 

- кормандони фурӯшанда ва ташкилотчии музояда, инчунин аъзоёни комиссияи музоядавӣ;

 

- ғолибони музоядаҳои қаблӣ ё намояндаҳои қонунии онҳо, ки ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ин Низомномаро иҷро накардаанд, онҳое, ки аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳои минбаъда ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳ аз лаҳзаи баргузоршавии музоядаи дар он ғолиб эълон шуда, маҳрум карда шудаанд;

 

- иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кӯшиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳо маҳрум карда мешаванд.

59. Фурӯшанда, ташкилотчӣ ва комиссияи музоядавӣ ҳуқуқ надоранд, ки:

- аз иштирокчӣ маълумотро оид ба нияти харидани ин ё он лоти дар музояда гузошташуда талаб намоянд;

- пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагиро барои аз қайд гузаштан ба сифати иштирокчӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар ин Низомнома номбаршуда талаб намоянд;

- иттилоотеро, ки ба иштироккунандагони музояда иртибот дорад ё ба рафти музояда ҳангоми гузаронидани он таъсир мерасонад ошкор намоянд.

 

XI. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда

60. Иштироккунандагон ба толори музояда бо манзур намудани пойгир дар бораи тасдиқи қайди иштироккунанда ва шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият роҳ дода мешаванд.

61. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда аз рӯзи интишори хабари иттилоотӣ дар матбуоти ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ оғоз шуда як соат пеш аз саршавии музояда ба поён мерасад.

62. Бақайдгирӣ дар дафтарҳои махсуси ҳар саҳифааш рақамгузорӣ шуда ва бо ришта дӯхташудаи қайди иштироккунандагони музояда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоҳида аз рӯи шартҳои дар замимаҳои 1 ва 2 нишон додашуда бурда мешавад.

63. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии резидентӣ бояд пешниҳод намояд:

- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3). Аризадиҳанда бланки дархостро аз фурӯшанда ё ташкилотчӣ дар толори баргузории музояда мегирад. Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;

- шиноснома ё ҳуққати дигари тасдиқкунандаи шахсият;

- нусхаи асли ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;

- ваколатномаи тавассути нотариус тасдиқшуда, ки салоҳияти намояндаи шахси воқеиро тасдиқ мекунад;

- иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

 

64. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии ғайрирезидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

 

- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум, сеюм, чоруми банди 63 зикршуда;

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

- иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

65. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии резидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3). Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;

- нусхаи аслии ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқӣ имзо ва бо мӯҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ менамояд;

- нусхаҳои бо мӯҳри шахси ҳуқуқии дархосткунанда тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатномаи аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);

- дар ҳолати иштироки шахси аввал нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шудани ӯ;

- иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга арори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

66. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии ғайрирезидентӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:

- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум ва дуюми банди 65 зикршуда;

- нусхаи асли ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқи имзо ва бо мӯҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ мекунад бо тасдиқи нотариалии тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

- нусхаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатнома оид ба аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

- иқтибоси қонунӣ аз реестри савдо ё ҳуҷҷати дигари ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашудаи бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардидае, ки мутобиқи қонунгузории давлати худаш шахси ҳуқуқии амалкунанда будани иштироккунандаро исбот мекунад;

- дар ҳолати иштироки шахси аввал, нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шуданн ӯ.

67. Фурӯшанда ё ташкилотчӣ қуқуқ надоранд, ки шахсони ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 63, 64, 65 ва 66 нишон додашудадоштаро ба қайд нагиранд.

68. Ба шахсе, ки аз қайд гузаштаааст, чунин ҳуҷҷатҳо дода мешавад:

- пойгири дархост - тасдиқи аз қайд гузаштан аз рӯи шакли дар замимаи 4 зикршуда;

- корти музоядавӣ;

- нусхаи ин Низомнома бо тарҷумаи тоҷикӣ ва русӣ мувофиқи интихоби иштироккунанда;

- рақами музоядавӣ (байрақча).

 

69. Баъди ба поён расидани музояда иштироккунандагон ба ташкилотчӣ нусхаи ин Низомнома ва рақами музоядавӣ (байрақча)-ро месупоранд.

 

70. Истифода бурдани рақами музоядавӣ аз тарафи шахси дигар, дар ҷараёни музояда манъ аст.

XII. Гузаронидани музояда

71. Музоядаро музоядачӣ мегузаронад.

72. Музояда аз эълони қоидаҳои гузаронидани музояда оғоз мешавад.

73. Музояда аз рӯи ҳар як лот бо эълони музоядачӣ дар бораи объекти фурӯш, тавсифи кӯтоҳи он, усули гузаронидани музояда, нархи ибтидоӣ ва қадами тағйирёбии нарх оғоз мешавад.

74. Мунтазамии гузоштани лотҳо дар музояда бояд ба тартиби дар хабари иттилоотӣ муқарраршуда мувофиқат кунад.

75. Ду қадами якуми тағйирёбии нархҳо дар ҳаҷми 5% аз нархи ҷории лот муқаррар мешавад. Музоядачӣ ҳуқуқ дорад мустақилона қадамҳои минбаъдаро эълон намуда, нархро дар доираи аз 5% то 10% нархи ҷории лот тағйир диіад.

76. Иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кушиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда, ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музояда маҳрум карда мешаванд.

77. Натиҷаҳои музояда аз рӯи ҳар як лоти фурӯхташуда бо протоколи аз тарафи комиссияи музоядавӣ, музоядачӣ ва ғолиб имзошуда баъди ба поён расидани музояда аз рӯи ҳар лот таҳия мешавад (замимаи 5). Музоядачӣ ҳуқуқ дорад, ки барои ба имзо расонидани протокол танаффус эълон намояд. Як нусхаи протокол ба харидор дода хоҳад шуд.

78. Протокол дар се нусха таҳия мешавад, яктогӣ барои фурӯшанда, харидор ва комиссияи музоядавӣ.

79. Комиссияи музоядавӣ бояд ба фурӯшанда як нусхаи протоколро оид ба натиҷаҳои музояда на дертар аз як рӯзи баъди музояда сипаришуда диҳад.

80. Протоколи натиҷаҳои музояда аз рӯи лоти мазкур ҳуҷҷатест, ки натиҷаҳои музояда, инчунин ӯҳдадории ғолиб ва фурӯшандаро барои аз рӯи нархи фурӯш бастани шартномаи хариду фурӯши объекти хусусигардонӣ сабт мекунад.

81. Ғолиб ё фурӯшанда вазифадоранд шартномаи хариду фурӯшро дар мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзошавии протокол, ба имзо расонанд.

82. Дар сурати даст кашидани фурӯшанда аз бастани шартнома харидор ҳақ дорад ба суд дар хусуси маҷбуран бастани шартнома, инчунин ҷуброни зарарҳое, ки бинобар саркашӣ намудани фурӯшанда аз бастани шартнома ҳосил шудаанд, муроҷиат намояд.

83. Дар сурати даст кашидани комиссия аз имзои протокол, ташкилотчӣ вазифадор аст пардохти кафолатиро баргардонад, инчунин ба шахси дар савдо бурд карда товони зарари аз иштирок дар савдо ба даст омадаро ба маблағи 20 фоиз аз пардохти кафолатӣ зиёд ҷуброн намояд ва объекти мазкур ба музояда дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188).

84. Дар сурати даст кашидани ғолиби музояда аз имзои протоколи натиҷаи музояда ё бастани шартномаи хариду фурӯш, объекти фурӯхташуда ба музояда аз нав дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад.

85. Дар музояда ба сифати нозирон ҳуқуқ доранд кормандони васоити ахбори умум ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.

86. Аз рӯи натиҷаи ҳар музояда протоколи ҷамъбастӣ бо шакли дар замимаи 6 омада, тартиб дода мешавад.

87. Нусхаҳои протоколи ҷамъбастӣ:

- дар тахтаи эьлонхо то охири рӯзи баргузории музояда ҷой дода шуда, бояд муддати 10 рӯз он ҷо монанд;

- барои ҳамаи иштироккунадагони хоҳишманд, ки ба шӯъбаи умумии фурӯшанда муроҷиат кардаанд, аз рӯзи аввали кории баъди гузаштани музояда бояд дастрас бошад.

XIII. Музоядаи англисӣ

88. Музоядачӣ нархи ибтидоии лот ва ѕадами зиёдкунии нархро эълон мекунад.

89. Дар сурате, ки ду ё зиёда иштироккунандагон рақамҳои худро дар як вақт боло мекунанд, музоядачӣ нархи ибтидоии лотро ба қадами эълоншуда баланд мекунад. Музоядачӣ рақамҳои музоядавии иштироккунандагони музоядаро эълон менамояд, нархро устувор намуда баландкунии онро пешниҳод мекунад.

90. Музояда аз рӯи лот то ҳамон лаҳзае давом мекунад, ки як иштироккунандаи нархи баландтаринро пешниҳоднамуда монад. Музоядачӣ рақами музоядавии иштироккунандаеро, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, эълон мекунад.

91. Музоядачӣ се маротиба нархи охирини лотро такрор намуда баъди набудани рақамҳои болошуда бо зарбаи болғача фурӯхта шудани лоти мазкурро эълон мекунад.

92. Ҳангоми 5 маротиба зиёд шудани нархи ибтидоии лот комиссияи музоядавӣ музоядаро боздошта байни иштироккунандагоне, ки ба лот 5 маротибаи нархи ибтидоӣ ва аз он зиёдро пешниҳод намудаанд, музоядаи пӯшида мегузаронад.

93. Музоядаи пӯшида ҳамон рӯз баъди ба поён расидани музояда аз рӯи лотҳои боқимонда гузаронида мешавад.

94. Ҳангоми гузаронидани музоядаи пӯшида иштироккунандагон нархи лоти мазкурро ба таври хаттӣ дар лифофаи сарпӯшида пешниҳод менамоянд (замимаи 7).

95. Комиссия лифофаҳоро бо пешниҳодот дар ҳузури иштироккунандагони лоти мазкур, худи ҳамон рӯз мекушояд.

96. Нархи дар лифофа нишон додашуда бояд аз ҳаҷми панҷ каратаи нархи ибтидоӣ кам набошад.

97. Иштироккунандае, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, ғолиби музояда дар лоти мазкур дониста мешавад.

XIV. Музоядаи ҳолландӣ

98. Музоядачӣ нархи ибтидои лотро эълон намуда харидани онро ба иштироккунандагон пешниҳод мекунад.

 

99. Агар ҳангоми эълон намудани нархи ибтидоӣ ду ва ё иштироккунандагони зиёдтари хоҳишманди харидории лоти мазкур рақамҳои музоядавии худро боло кунанд, музоядачӣ музоядаро аз рӯи қоидаҳои музоядаи англисӣ шурӯъ менамояд.

 

100. Агар баъди эълон намудани нархи ибтидоии лот хоҳишмандон барои харидории он пайдо нашаванд, музоядачӣ нархро ба бузургии қадами қайдшуда паст карда нархи навро эълон менамояд.

 

101. Музоядачӣ рақами шахсеро, ки аввалин шуда рақами музоядавиашро ҳангоми нархи эълоншуда бардоштааст номбар мекунад ва бо зарбаи болғача ӯро ғолиби лоти мазкур эълон мекунад.

 

102. Дар ҳолате, ки ду ва ё иштироккунандагони зиёдтар рақамҳои худро боло кардаанд, қарор оид ба кӣ рақами худро аввалин шуда боло кардааст, аз тарафи комиссияи музоядавӣ бо овоздиҳии оддӣ қабул карда мешавад ва иштироккунандагон ҳуқуқи муҳокима кардани онро надоранд.

 

103. Агар, ҳангоми эълон кардани нархи ҳадди ақали лот аз тарафи музоядачӣ ягон нафари иштироккунандагон хоҳиши харидани лоти мазкурро надошта бошанд, лот аз музояда гирифта мешавад.

XV. Тартиби ҳисобкунӣ

104. Дар сурати ғолиб омадани харидор ба суратҳисоби фурӯшанда боҷи комиссиониро дар ҳаҷми 5% аз нархи фурӯш, ки ба нархи фурӯши лот дохил намешавад, мепардозад.

105. Фурӯшанда ва ташкилотчӣ ҳақ надоранд, ки аз харидор пардохтҳои иловагиро ғайр аз нархи фурӯши лот, пардохти комиссионӣ ва боҷ барои хариду фурӯши дар музояда баҷо овардашуда, ҷаримаҳои дар сурати ба таъхир андохтани пардохти объект, ки дар бандҳои 107, 109 нишон дода шудаанд, талаб намоянд.

106. Шартномаи хариду фурӯши объекти хусусигардонӣ ба таври хаттӣ байни фурӯшанда ё ташкилотчӣ, вақте, ки ин ҳуқуқ мутобиқи банди 10 ба ӯ супорида шуда бошад ва харидор (замимаи 8) дар муддати на кам аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани музояда бо риояи талаботи дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, баста мешавад.

107. Іисобкунҳ оид ба шартномаи хариду фурӯш байни фурӯшанда ва харидор сурат мегирад Зимнан харидор бо тартиби зерин іисобу китоб мекунад:

- пардохт дар ҳаҷми на кам аз 15% аз нархи фурӯши объект дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзошавии шартномаи хариду фурӯш пардохтамешавад. Пардохти кафолатӣ ба ҳисоби пардохтҳои анҷомдодашаванда дароварда мешавад;

- маблағи боқимонда, бояд на дертар аз 30 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзои шартномаи хариду фурӯш пардохта шавад.

108. Ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадорин пардохти нархи фурӯши объект аз тарафи харидор, ки дар сархати якуми банди 107 омадааст, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро ба тарзи яктарафа ҷатъ карда, харидорро дар муддати 30 рӯзи таъхир кардани пардохт дар бораи қатъ кардани шартнома огоҳ намояд.

109. Ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадории пардохти нархи фурӯши объект аз тарафи харидор, ки дар сархат дуюми банди 107 омадааст, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро ба таври яктарафа қатъ карда харидорро дар муддати 30 рӯз аз рӯзи таъхир кардани пардохт дар бораи қать намудани шартнома огоҳ намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки харидор на камтар аз 50% нархи фурӯши объектро пардохтааст. Дар ин ҳолат мӯҳлати охирини пардохт ба 60 рӯзи бонкӣ дароз карда мешавад ва барои ҳар рӯзи бонкии таъхир, аз 31 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзои шартнома ҷарима ба ҳаҷми 0.2% аз маблағи нопардохтаи нархи объект, ситонида мешавад. Ҷарима аз маблағи қаблан пардохтнамудаи харидор бароварда мешавад.

Агар нархи фурӯш ба ҳаҷми пуррааш дар мӯілати дарозкардашуда пардохта нашавад, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро ба таври яктарафа қатъ карда харидорро дар мӯҳлати 30 рӯз аз рӯзи ба таъхир андохтани пардохт, дар бораи қатъ кардани шартнома огоҳ намояд. Дар ин ҳолат ба харидор маблағи пардохташуда, ки аз он пардохти кафолатӣ ва ҷарима бароварда шудааст, дар муддати 5 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаштани мӯілати дарозкунӣ, баргардонида мешавад.

XVI. Гузариши ҳуқуқи соҳибмулкӣ

110. Дар муддати се рӯзи бонкӣ аз лаҳзаи пардохти пурраи нархи лот, фурӯшанда ва харидор бояд санади супурдану қабул кардани объектро имзо кунанд (замимаи 9) арори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188).

111. Дар ҳолати фурӯши бастаи саҳмияҳо санади супурдану қабул кардани саҳмияҳо, ки бо тартиби дар ин Низомнома пешбинишуда имзо мекунад.