Кодекс

Моддаи 232.

Мафҳум ва мазмуни ҳуқуқи моликият

1. Ҳуқуқи моликият ҳуқуқи қонунан эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект оид ба тибқи салоҳдиди худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкаш мебошад.

2. Молик ҳуқуқ дорад молу мулки худро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд. Ҳуқуқи соҳибият аз имконияти ҳуқуқии таъминшударо ҳақиқатан татбиқ гардидани моликияти ҳуқуқи молу мулк иборат мебошад.
Ҳуқуқи истифодаи молу мулк имконияти қонунан аз молу мулк ба даст овардани хосиятҳои табиии фоиданоки он ва ҳамчунин аз он фоида гирифтан аст. Фоида метавонад ба тариқи даромад, афзоиши самар, насл ё шаклҳои дигар ба даст ояд.
Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ - ин имконияти аз xиҳати ҳуқуқӣ таъминшудаи муайян намудани тақдири ҳуқуқии молу мулк иборат мебошад.

3. Молик ҳақ дорад мутобиқи салоҳдиди худ нисбати молу мулкаш ҳама гуна амалро раво бинад, аз ҷумла онро ба дигар ашхос фурeшад, худ молик монаду ҳуқуқҳояшро дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулк ба онҳо вогузорад, молу мулкро ба иxора диҳад ва аз он бо усули дигар истифода барад ё онро ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ кунад.

4. Аз xониби молик татбиқ намудани ҳуқуқҳояш набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи дигар ашхосро вайрон кунад. Вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи молик метавонад ҳамзамон бо дигар шаклҳо дар сeиистифода аз вазъияти инҳисорӣ ва бартаридоштаи молик инъикос гардад.
Молик вазифадор аст барои пешгирии зиёни воқеие, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳояш ба саломатии шаҳрвандон ва муҳити атроф расида метавонад, тадбирҳо андешад. (Қонун №247 аз 12.05.07с.)

5. Ҳуқуқи моликият бемeҳлат мебошад. Ҳуқуқи моликияти молу мулк танҳо дар асоси пешбининамудаи ҳамин Кодекс маxбуран қатъ шуданаш мумкин аст.
6. Тибқи ҳолатҳо, шарт ва ҳадди пешбининамудаи санади қонунӣ молик вазифадор аст ба дигар ашхос ихтиёран истифодаи маҳдуди молу мулки худро вогузорад.

Моддаи 235.
Субъектҳои ҳуқуқи моликият

1. Субъекти ҳуқуқи моликият дар Ҷумҳурии Тоxикистон давлат, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоxикистон, ташкилотҳои xамъиятию динӣ, дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва коллективҳо, воҳидҳои марзию маъмурӣ, давлатҳои хориxӣ, ташкилотҳои байналмилали, дигар шахси ҳуқуқӣ ва воқеии хориxӣ мебошанд. (Қонун №247 аз 12.05.07с.) 

2. Ҷумҳурии Тоxикистон дахлнопазирии молу мулк ва имконоти татбиқи ҳуқуқи моликияти ҳар як моликро таъмин менамояд.

3. Қонун навъҳои молу мулкеро, ки танҳо дар моликияти давлатӣ буда метавонанд, муайян менамояд.

Моддаи 236.
Шаклҳои моликият

1. Моликият дар Ҷумҳурии Тоxикистон дар шакли хусуси ва оммави (давлати) мавxуд мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоxикистон моликияти давлатҳои хориxи, ташкилотҳои байналмилали, шахсони воқеи ва ҳуқуқии хориxи метавонад вуxуд дошта бошад, ба шарте, ки дар қонун тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

2. Ҷумҳурии Тоxикистон барои рушди шаклҳои мухталифи моликият шароити зарурии баробар фароҳам меоварад ва ҳимояи онҳоро таъмин мекунад. (Қонун №247 аз 12.05.07с.)

Моддаи 237.
Мафҳум ва шаклҳои моликияти хусусӣ

1. Моликияти хусусӣ моликияти шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқии uайридавлатӣ ё иттиҳодияҳои онҳо мебошад. (Қонун №247 аз 12.05.07с.)
Моликияти xамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои динӣ, шакли махсуси моликияти хусусӣ аст.

2. Ба моликияти хусусӣ метавонад ҳама гуна молу мулк, ба uайр аз шаклҳои алоҳидаи молу мулк, ки мутобиқи санади қонунӣ наметавонанд марбут ба шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ бошанд, дохил шавад. (Қонун №247 аз 12.05.07с.)
Теъдод ва арзиши молу мулке, ки моликияти хусусӣ мебошад, маҳдуд карда намешавад.

Моддаи 238.
Ҳуқуқи моликияти давлатӣ

1. Моликияти давлатӣ дар шакли моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ баромад мекунад.

2. Моликияти ҷумҳуриявӣ аз хазинаи ҷумҳуриявӣ ва молу мулке, ки мутобиқи санади қонунӣ ба шахси ҳуқуқии давлатии ҷумҳуриявӣ вобаста карда шудааст, иборат мебошад.

Маблаuҳои буxети ҷумҳурӣ, захираи тиллоию асъор ва хазинаи алмос, объектҳои моликияти истиснои (мутлақ)-и давлатӣ ва дигар молу мулки давлатӣ, ки ба шахси ҳуқуқии давлатӣ вобаста карда нашудаанд, хазинаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. (Қонун №247 аз 12.05.07с.)

3. Моликияти коммуналӣ аз хазинаи маҳаллӣ ва молу мулке, ки мутобиқи санади қонунӣ ба шахси ҳуқуқии коммуналӣ вобаста карда шудаанд, иборат мебошад. (Қонун №247 аз 12.05.07с.)
Маблаuҳои молу мулки буxети маҳаллӣ ва дигар молу мулки коммуналӣ, ки ба шахси ҳуқуқии коммуналӣ вобаста карда нашудаанд, хазинаи маҳаллиро ташкил медиҳанд. (Қонун №247 аз 12.05.07с.)

4. Молу мулкеро, ки таҳти моликияти давлат қарор дорад, ба шахси ҳуқуқии давлатӣ дар асоси ҳуқуқи хоxагидорӣ ё идораи оперативӣ вобаста кардан мумкин аст.

Моддаи 239.
Моликияти истиснои давлатӣ

1. Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот, дигар боигарии табиӣ моликияти истиснои давлатӣ мебошанд.

2. Хусусияти татбиқи ҳуқуқи моликият ба замин ва дигар захираҳои табииро ҳамин Кодекс, қонуни замин ва дигар қонунҳо муқаррар менамоянд.

Моддаи 241.
Ҳуқуқи молу мулкии ашхосе, ки молик намебошанд

1. Ба ҳуқуқи молу мулкӣ дар баробари ҳуқуқи моликият инҳо дохил мешаванд:

а) ҳуқуқи истифодаи замин;
б) ҳуқуқи хоxагидорӣ;
в) ҳуқуқи идораи оперативӣ;
г) дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ.

2. Ҳуқуқи истифодаи замин имконияти қонунии шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, яъне истифодабарандаи замин xиҳати истифодаи хосиятҳои фоидабахши он вобаста ба мақсади таъиноти он мебошад. Истифодабарандаи замин инчунин ба молики қитъаи замин, ки таҳти истифодааш мебошад, ҳуқуқ дорад.
Асос ва тартиби ҳуқуқдор шудан, таuйир ё қатъ ёфтани ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуқуқу eҳдадориҳои истифодабарандагони замин, аз ҷумла ба шахси дигар вогузор кардани ҳуқуқи истифодаи заминро Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.