Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлати дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои

ҚАРОР 

 

аз 05 декабри соли 2013                          № 577                                  ш. Душанбе

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, №98

Мутобики моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, №98 «Дар бораи тартиби фуруши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- муқаддимаи қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«Бо мақсади таъмин намудани шаффофият ва рақобатнокӣ дар ҷараёни татбиқи нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор м е к у н а д:»:

- банди 2 хориҷ карда шавад;

- аз банди 3 калимаҳои «ва Дастурамал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд» хориҷ карда шавад;

- дар банди 3 калимаи «низомномаҳо» ба калимаи «низомномаҳоро» иваз карда шавад.

2. Ба Низомномаи тартиби фуруши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, №98 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- аз муқаддимаи Низомнома калимаҳои «ва «Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, №486 тасдиқ гардидааст,» хориҷ карда шавад;

- дар матни Иизомнома калимаҳои «Дастурамал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997, № 181 тасдиқ шудааст», ба калимаҳои «Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонида-шаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 авгусги соли 2012, №387 тасдик гардидааст,» иваз карда шавад;

- сархати бисту нӯҳуми банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

- «нақшаҳо, барномаҳо-нақшахо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тасдиқ гардидаанд;»;

- банди 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«Ҳар шахси хоҳишманд- метавонад нусхаи электронин ин Ннзомномаро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба таври ройгон аз сомонаҳои интернетии расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фуруши амволи давлатӣ, инчунин нусхаи чопии онро аз фурушанда бо нархи аслии чопи мошинӣ аз ҷое, ки дар тахтаи эълонҳо нишод дода шудааст, дастрас намоял.»;

- банди 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«8.    Ҳангоми  фурӯши  объектҳои  ба  нақшаҳо  ва барномаҳо дохилшуда, ҳамчунин фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис дар музояда қоидаҳои зерини фурӯш ба кор бурда мсшавад:

- саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат вуҷуд дорад, дар музоядаи тарзи савдои англисӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешаванд;

- саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 10 фоиз кам мебошад ва дар музоядаи тарзи савдои англисӣ ба фурӯш нарафтааст, метавонанд ба музоядаи тарзи савдои ҳолландӣ ба фурӯш бароварда шавад.»;

- дар сархати дуюми банди 9 калимаҳои «Нақшаи стратеги» ба калимаҳои «накшаҳо ва барномаҳо» иваз карда шавад;

- дар банди-15 сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад: .

«ҷойи баргузории музояда (шаҳр ё ноҳия).»;

- бандҳои 18 ва 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«18. Ҳангоми фурӯши амволи корхонаи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ ҳуҷҷатҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №391 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ» пешниҳод мешавад.»;

- бандҳои 20 ва 21 мутаносибан бандҳои 19 ва 20 ҳисобида шавад;

- ба Низомнома банди 21 бо мазмуни зайл иловакарда шавад:

«21. Мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади ташкили фурӯши моликияти ҷумҳуриявӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, метавонад комиссияҳои назорати рафти ташкил ва гузаронидани музоядаҳои фурӯши объектҳои моликияти ҷумҳуриявиро дар ҳайати на кам аз 5 нафар аз ҳисоби намояндагоми дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти адлия, иқтисод, молия ва андоз ташкил намояд. Раиси комиссия дар сатҳи муовини раиси вилоят (шаҳр ё ноҳия) муайян карда мешавад.»:

- дар банди 22 калимаҳои «намояндаҳои Ҳукумат» ба калимаҳои «намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шуда, баъд аз калимаи «молия» калимаи «иқтисод» илова карда шавад;

банди 26 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«26. Хабари ипилоотӣ оид ба гузаронидани музояда барои фурӯши саҳмияҳои давлатӣ, иншооти ғайриманқул, иишооти сохтмонашон нотамом як маротиба на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда дар воситаҳои ахбори омма нашр карда шавад.

Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда барои фурӯши воситаҳои асосии манқули давлатӣ (воситаҳои нақлиётӣ ва механизмҳо, таҷҳизоту воситаҳои компютерӣ, мебелу инвентар ва дигар воситаҳои манқул), амволи ҳабсгардида, ба фоидаи давлат мусодирагардида, пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга як маротиба на дертар аз 15 рӯзи тақвими то санаи гузаронидани музояда дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳурияви нашр мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурӯшанда ё ташкилотчии музояда ҷойгир карда мешавад.»:

- банди 27 дар таҳрири зайл дарҷ карда шавад:

«27. Хабари иттилоотӣ оид ба фурӯши саҳмияҳои давлатӣ, иншооти ғайриманқул. иншооти сохтмони нотамом бо забони давлатӣ ё забони русӣ дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурӯшанда ё ташкилотчии музояда ҷойгир карда мешавад.»;

- дар бандҳои 63, 64. 65 ва 66 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;»;

- дар сархати чорум банди 65 калимаҳои «ба таври нотариалӣ» ба калимаҳои «бо мӯҳри шахси ҳуқуии дархосткунанда» иваз карда шавад.

3. Ба Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, №98 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- сархати бисту ҳафтуми банди 1 дар таҳрири зайл ифода шавад:

« нақшаҳо, барномаҳо-нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардидаанд;»;

- дар бандҳои 2 ва 3 калимаҳои «панҷсад ҳазор» ба калимаҳои «як миллион» иваз карда шавад;

- дар банди 6 баъд аз калимаи «ахбори» калимаҳои "омма ё сомонаи интернетии фурӯшанда» илова карда шавад;

- дар сархати 23 банди 26 матни тоҷикии Низомнома калимаи «сайти» ба калимаи «сомонаи интернетии» иваз карда шавад;

- банди 29 ва 30 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

«29. Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани тендер бо забони давлатӣ ё забони русӣ дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ як маротиба на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ то санан гузаронидани тендер чоп мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурӯшанда ҷойгир карда мешавад.»;

- дар сархати ҳафтум банди 69 калимаҳои «дар идораи нотариалӣ» ба калимаҳои «бо мӯҳри шахси ҳуқуқии дархосткунанда» иваз карда шавад;

- дар сархати ҳафтум банди 76 рақами «25» ба рақами «15» иваз карда шавад;

- ба банди 109 сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Дар сурати аз ҷониби харидор пардохт намудани на камтар аз 50 фоизи нархи фурӯши объект мӯҳлати охирини пардохти нархи фурӯш, бо дарназардошти ҷарима, ба 30 рӯзи бонкӣ дароз карда мешавад. Барои ҳар рӯзи дарозшудаи бонкӣ  ҷарима ба ҳаҷми 0,2 фоиз аз маблағи пардохтнашудаи нархи фурӯши объект ситоннда мешавад.

Агар маблағи нархи фурӯш ба ҳаҷми пуррааш дар мӯҳлати дарозшуда пардохта нашавад, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро яктарафа қатъ карда, харидорро дар мӯҳлати 10 рӯз аз рӯзи ба таъхир андохтани мӯҳлати охирини пардохт дар бораи қатъ кардани шартнома огоҳ намояд. Дар ин ҳолат аз маблағи пардохтаи харидор ҷарима ва маблағи пардохтӣ кафолатӣ ситонида шуда, маблағи боқимонда тибқи тартиби муқарраргардида ба харидор баргардонида мешавад.»;

- бандҳои   31-126   мутаносибан   бандҳои 30-125 ҳисобида шаванд.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон