Шарикони мо

Моликияти хусуси

   

Қурби асъори миллӣ

Бойгонӣ



Маълумот оид ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2016

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва Низомномаи Корхона ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раис ва ҳайати роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба таъмини суратбахшӣ ва самаранокии ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатӣ, тавассути ташкилу баргузории музоядаҳо ва озмунҳои шаффофу ошкорбаёна бо мақсади фурӯши моликияти давлатию самаранок ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ ва дар ин аснод, афзун намудани воридоти маблағ ба буҷҷети давлат, корҳои зеринро ба сомон расонид.

Дар 11 моҳи соли 2016 ба КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади фурӯш моликияти давлатӣ дар маҷмӯъ 35 адад қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина 56 музояда, аз ҷумла, 6 музоядаи бастаи саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ 16 музоядаи фурӯши иншоотҳои ғайриманқул, 22 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт ва 12 музояда оиди фурӯши металҳои сиёҳ ва ранга баргузор карда шуд.

Дар ин ҷода, дар давраи ҳисоботӣ 6 музоядаи бастаи саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи 13 ҷамъиятҳои саҳомӣ ба савдо бароварда шуд, ки аз онҳо 7 бастаи саҳмияҳо фурӯхта шуданд.

Ҳамчунин, ҳангоми ба савдо баровардани 50 иншоотҳои ғайриманқул 27 иншоотҳои давлатӣ фурӯхта шуд. Маводҳои хусусигардонии 21 иншоот бозпас гардонида шудааст.

Оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт дар давраи ҳисоботӣ 22 савдои музоядавӣ баргузор гардид, ки дар ин маврид 395 адад автомашинаҳо ба савдо гузошта шуда ва дар натиҷаи савдо 138 адади онҳо фурӯхта шуд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 №184 “Дар бораи тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд” ва қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 24 сентябри соли 2012 №178 бо мақсади ба роҳ мондани фурӯши пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга, ки дар натиҷаи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд, дар маҷмӯъ 11 адад қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба Корхона ворид шудааст, ки зимни ин 13470,624 тонна металҳои сиёҳ (аз ҷумла 201,687 тонна чуян) ва 21,95 тонна металҳои ранга барои фурӯш пешниҳод карда шудаанд.

Дар ин давра, дар натиҷаи чораҳои муштараки Корхона ва бахшҳои минтақавии он ҳамагӣ 13245,854 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ (аз ҷумла 1,687 тонна чуян ) 15,65 тонна металҳои ранга фурӯхта шудааст.

Аз ҷумла, дар Корхона 13087,53 тонна металҳои сиёҳ, тавассути филиали Корхона дар шаҳри Хуҷанд 126,489 тонна металҳои сиёҳ, аз ҷониби филиали Корхона дар шаҳри Қурғонтеппа 31,835 тонна металҳои сиёҳ фурӯхта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 6 музояда оид ба ташкили фурӯши амволҳои ҳабсгардида барои ба савдои музоядавӣ баровардани 7 иншоот ва 18 адад воситаҳои нақлиёт, таҷҳизотҳо ва амволи ҷудогона баргузор гардид, ки дар натиҷа 3 адад воситаҳои нақлиётии ҳабсгардида фурӯхта шуда, маблағи фурӯши онҳо пурра пардохт гардидаанд.

Дар навбати худ, аз ҳисоби таъмини рақобат дар савдоҳои музоядавӣ дар  соли 2016 моликияти давлатӣ, нархи ниҳоии амволҳои фурӯхташуда нисбати нархи ибтидоии онҳо зиёда аз 11 фоиз афзудааст.

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 ҷиҳати тавассути баргузории озмунҳо ба роҳ мондани иҷораи амволи давлатӣ ва саривақт таъмин намудани пардохти маблағи иҷора мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботи дар асоси 16 супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани  амволи давлатӣ 15 озмун барпо гардид, ки тавасути он 286 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шуд.

Дар маҷмӯъ, дар соли 2016 сол 693 адад шартнома мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 548 шартнома, тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 83 шартнома, тавассути Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 шартнома ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ 61 шартнома баста шудааст, ки то ҳол мавриди амал қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар самти ба иҷора супоридани амволи давлатӣ дар соли ҷорӣ ҷараёни таъминоти пардохти маблағҳои иҷораро яке аз самтҳои калидӣ пеш гирифта, ин равандро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст, Дар ин ҷода, мунтазам бо иҷорагирон корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ шуда, аз тарафи дигар дар мавриди саривақт напардохтани маблағҳои иҷора аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ мутобиқи талаботҳои амалкунандаи қонунгузорӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин давра 75 огоҳинома ба Иҷорагироне, ки маблағҳои иҷораро саривақт напардохтаанд бо ҳисобӣ намудани ҷарима ирсол карда шуд. Дар натиҷа ин чорабинӣ аз ҷониби Иҷорагирон маблағҳои қарзӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуда, таъмини саривақтии пардохти маблағи иҷора рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи расмиёти муқаррашудаи қорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва шартномаҳои баимзорасида бо талаби иҷорагир ва ё бинобар сабаби аз ҷониби иҷорагир иҷро нагардидани ӯхдадориҳои ба зимма гирфташудаи шартномаҳо 80 адад шартнома бекор карда шудаанд.

Оид ба баргузории музоядаҳо дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқи талаботҳои Низомномаи «Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо» 71 – ахбори пурраи итилоотӣ чоп карда шуда, бо мақсади ҷалби бештари иштирокчиён ба музоядаҳо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ эълону маълумотҳои пурра оид ба баргузории музоядаҳои фурӯши амволҳои давлатӣ бо дарҷи аксу маълумотҳои техникии иншоотҳо мунтазам инъикос мегарданд.

Бояд қайд намуд, ки дар масъалаи муқовимат ба коррупсия аз ҷониби роҳбарияти Корхона аҳамияти хосса дода дар ин замина бо дастури Раиси Кумита ва қарори Раиси Кумита аз 8 июни соли 2015 “Дар бораи дар таҳрири нав тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои солҳои 2013-2015 вобаста ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.

Дар ин ҷода санаи 25 майи соли 2016 низ дар бинои Корхона бо иштироки кулли кормандони КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ ва инчунин роҳбарон ва муҳосибони бахшҳои Корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Курғонтеппа ва Кӯлоб семирнари машваратӣ-таҳлилӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни маҷлис қайд карда шуд, ки новобаста аз тарафи Корхона муназзам ва мунтазам иҷро шудани талаботҳои Стратегияи мазкур аз ҷониби бахшҳои минтақавии Корхона дар самти мазкур корҳо то ҳол кофӣ нестанд. Дар ин ҷода ба бахшҳои Корхона супоришҳои қатъӣ дода шуда, вобаста ба банд ба банд иҷо намудани Нақша ва пешниҳоди ҳисоботҳои муфассал оид ба корҳои иҷрошуда таъкид карда шуд.

 

Интихоби забон




Фурӯши амвол
Тамос бо корхона

  * Ном :   
  * E-mail :

  * Хоҳишу дархостҳо:

                                                 
Ҳамаи майдонҳо (*) барои пур кардан ҳатмианд

Наворҳо